Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода директори иҷроияи Фонди Оғохон дар Тоҷикистон Кишвар Абдулалишоев ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат ҷонибҳо нақшаи фаъолиятҳо оид ба татбиқи лоиҳаи "Идоракунии ҳамгироишудаи захираҳои табиӣ дар водии Зарафшон барои рушди одилона ва устувор"- ро баррасӣ намуданд.
Раиси вилоят саҳми Фонди Оғохонро дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими иҷтимоӣ назаррас арзёбӣ карда, иброз дошт, ки ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо ин ташкилоти байналмилалӣ натиҷаҳои хуб дода истодааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи зикршуда бо таъмини дастрасӣ ба таҷҳизот ташвиқи усулҳои пешқадами кишоварзӣ ба роҳ монда шуда, барои ташкили ниҳолхонаҳо, омӯзиши саводнокии молиявӣ барои хонаводаҳо, таъсиси фермаҳои зотпарварӣ, барқарорсозии системаҳои обёрӣ, дастгирии истеҳсолкунандагон дар ташкили корхонаҳои хурд, амалишавии лоиҳаҳо дар самти нигоҳубину замин ва эмин нигоҳ доштани ҷангалзорзор мусоидат карда ҳоҳад шуд.
Мулоқоти тарафҳо бо таҳлили нақшаи фаъолиятҳо ва дурнамои ҳамкориҳо юа анҷом расид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд