Имзои созишномаҳои ҳамкорӣ миёни соҳибкорони вилояти Суғд ва кишвари Красноярски Федератсияи Россия

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо гуруҳи соҳибкорони кишвари Красноярски Федератсияи Россия, ки тӯли чор рӯз дар вилоят қарор доштанд, мулоқот намуд.

Соҳибкорони кишвари Красноярск бо роҳбарии ноиби Президенти Палатаи савдо ва саноати Сибири марказӣ  Даря Ковалева ба вилоят ташриф оварда, бо фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатӣ шинос шуданд. Меҳмонон ҳамзамон аз минтақаҳои сайёҳии вилояти Суғд боздид намуда, бо шароиту имконоти мавҷудаи соҳаи сайёҳӣ ошно гардиданд.

Зимни мулоқот Раиси вилоят доир ба зарфиятҳои вилояти Суғд маълумот дода, таъкид кард, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар ҳоли рушд аст. Гуфта шуд, ки бо сиёсати пешгирифтаи роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мубодилаи молу маҳсулот сурат гирифта, Федератсияи Россия аз шарикони асосии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар бахшҳои саноати куҳӣ, саноати сабук, коркарди ниҳоии пахта, коркарди меваву сабзавот, консерва, банду басти меваи хушк ва содироти он ба Россия баён доштанд.

Пас аз мулоқоти судманди тарафҳо миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Агентии "Статус"-и Красноярск, Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд ва Иттифоқи соҳибкорони Красноярск, ширкатҳои "САМО" ва «Алянс Строй», "САМО" ва "Энергия", "МИН" ва  «Селена фарм», «АгроБиоХим» ва "СИВЕР", ширкати нақлиётии «АВВАТ» ва «Железнодорожное снабжение» ва ғайраҳо созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар доираи созишномаҳои ба имзо расида ҳамкориҳои мақомоти масъули давлатӣ ва доираҳои тиҷоратии ду тараф густариш меёбад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд