Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба 150 ятими кулл туҳфаҳо ва ба шаш оилаи эҳтиёҷманд калиди хонаҳои истиқоматӣ тақдим намуданд

10 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ду бинои истиқоматии 9-ошёнаро бо ҷойгиршавии маркази савдо ва тарабхона ба истифода дода, ба 150 ятими кулл туҳфа ва ба шаш оилаи эҳтиёҷманд калиди хонаҳои истиқоматиро дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуданд.

Оилаҳое, ки соҳиби манзили замонавии истиқоматӣ гардиданд, асосан дар соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ фаъолияти босамар дошта, барои рушди ҷомеа саҳми назаррас доранд. Ин оилаҳо қаблан иҷоранишин буданд ва акнун бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби манзили истиқоматии шахсӣ гардиданд. Онҳо барои таваҷҷуҳ ва дастгирии бесобиқа ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Сарвари давлат ҳангоми супоридани калиди хонаҳои истиқоматӣ ба оилаҳои эҳтиёҷманд иброз намуданд, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбон ва оилаҳои ниёзманд мавқеи меҳварӣ дошта, ин қишри ҷомеа таҳти таваҷҷуҳи пайваста қарор доранд.

Мавриди зикр аст, ки биноҳои 9-ошёнаи истиқоматӣ дар маҳаллаи 13-уми шаҳри Хуҷанд аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сармоя сохтмон” дар асоси талаботи шаҳрсозӣ бо тарҳи меъмории миллӣ зебою замонавӣ сохта шудаааст. Дар рафти сохтмон беш аз 50 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонии истеҳсолоти ватанӣ корҳои бунёдиро ба иҷро расонидаанд.

Бинои нави истиқоматӣ бо дарназардошти ҷойгиршавии маркази савдою тарабхона дар ошёнаи якум бунёд гардида, дар умум дорои 90 хонаи 1, 2 ва 3-ҳуҷрагӣ мебошад. Аз қомат афрохтани боз як бинои хуштарҳи истиқоматӣ шароити беҳтари зиндагӣ барои сокинон фароҳам оварда шуда, ба ин гӯшаи шаҳри Хуҷанд зебоии дигар зам гардид.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо ятимони кулл ба онҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим намуда, барои ин наврасону ҷавонон, ки бо амри тақдир аз навозиши волидайн бенасиб мондаанд, дастархони идона ороста шуд.

Ятимон бо шодию нишот аз дасти Сарвари раъиятпарвару инсондӯсти мамлакат либоси мактабӣ, пойафзол, шириниҳо, кумаки молӣ ва дигар туҳфаҳои арзишманд гирифтанд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон корхонаи ҳасиббарории ҶДММ ба номи «Толиб Дадабоев»-ро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” Корхонаи ҳасиббарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ба номи “Толиб Дадабоев”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, аз намоиши маҳсулоти корхона дидан намуданд.

Ҷамъияти мазкур бо тамғаи маҳсулоти гӯштии “Дилшод” навъҳои гуногуни ҳасиб ва мувофиқи талаботи бозор 8 намуди ҳасибча истеҳсол менамояд.

Айни замон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ба номи “Толиб Дадабоев” 25 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор гардида, ҳамаи онҳо аз курсҳои бозомӯзии кор бо технологияи соҳавӣ гузаштаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар як сол тибқи нақша корхонаи навтаъсис имконият дорад то 120 тонна гӯштро коркард карда, аз он навъҳои гуногуни ҳасиб истеҳсол намояд. Айни замон дар корхонаи ҳасиббарорӣ истеҳсоли 30 намуд маҳсулоти гӯштӣ роҳандозӣ гардидааст ва бо дарназардошти талабот имконият аст, ки номгӯи маҳсулот зиёд карда шавад.

Хатҳои истеҳсолии корхонаи мазкур аз Олмон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Беларус ва Чин харидорӣ гардида, бо истифода аз ин имконот истеҳсолот дар доираи стандартҳои байналмилалӣ роҳандозӣ гардидааст.

Гӯшти гов ва паранда барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз корхонаҳои чорвопарвари ҳудуди вилоят харидорӣ гардида, дар корхона ҳасиб аз гӯшти гову мурғ, ҳамчунин аз гӯшти асп қазӣ истеҳсол мегардад, ки он ба таври махсус тайёру хушконида мешавад.

Маҳсулоти ниҳоии корхонаи мазкур ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилоят ва бархе мағозаҳои шаҳри Душанбе ба фурӯш бароварда мешавад. Ба иттилои масъулин, дар оянда содироти он ба дигар кишварҳо низ роҳандозӣ мегардад, зеро имконияти зиёдсозии хатҳои истеҳсолӣ ва афзоиш додани ҳаҷми маҳсулот мавҷуд аст.

Бо дастрасии технологияи муосир тамоми марҳилаҳои коркард ва омодасози гӯшти паранда барои истеҳсоли ҳасибҳои мурғӣ дар дохили корхона роҳандозӣ гардида, ҷамъият барои мизоҷон дар баробари ҳасиб, инчунин гӯшти мурғи бо усули муосиру бо истифода аз буғ пухташуда пешниҳод менамояд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти ниҳоии корхонаи мазкур дидан намуда, барои рушди бештари истеҳсолот ба соҳибкорон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Ширеши Тоҷик»-ро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истифода доданд

10 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширеши Тоҷик»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Соҳибкорони маҳаллӣ Абдуқодир Набиев ва Манижа Умарова ба хотири саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ва таъмини нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҷамъияти мазкурро таъсис дода, бо истифода аз технологияи муосир аввалин маротиба дар Тоҷикистон истеҳсоли ширеши акрилиро ба роҳ монданд.

Иқтидори корхона дар як моҳ истеҳсоли зиёда аз 300 тонна ширеши хушсифат буда, оянда вобаста ба талаботи бозори дохилӣ ва ба роҳ мондани содироти маҳсулот ба хориҷи мамлакат, аз ҷумла ба кишварҳои ҳамсоя ин нишондиҳанда ба 500 тонна расонида мешавад.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи ширешбарорӣ 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кору маоши хуб таъмин гардид.

Аснои шиносоӣ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки барои бунёди корхонаи ширешбарорӣ қариб 10 миллион сомонӣ харҷ гардида, дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ аз Туркия ва Чин оварда шудаанд ва ба таъкиди мутахассисони соҳа, мавҷудияти ҳамин гуна хатҳои нави технологӣ имкон медиҳад, ки ашёи хом ба таври зарурӣ мавриди коркард шуда, ба харидорон маҳсулоти хушсифат ва муҳимтар аз ҳама, аз ҷиҳати экологӣ безарар пешниҳод карда шавад.

Дар корхона дар навбати аввал истеҳсоли 15 намуди ширеш, ки қаблан аз хориҷи мамлакат, аз ҷумла Федератсияи Русия, Туркия, Чин ва Узбекистон ворид карда мешуд, роҳандозӣ гардидааст, ки асосан дар соҳаи сохтмон ва омода намудани қолин ба таври васеъ истифода бурда мешаванд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони корхона дастур доданд, ки дар вақти истеҳсоли маҳсулот ба сифати он диққати махсус диҳанд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд маркази савдо ва хизматрасонии «Амид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

10 феврал дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд маркази савдо ва хизматрасонии “Амид”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” дар заминаи иншооте, ки беш аз 15 сол фаъолият намекарду вайрону валангор буд, таъсис дода шуд.

Иншоот аз ҷониби соҳибкори ватанӣ роҳбари ширкати ҶДММ “Амид” Саидамон Исомаддинов бунёд гардидааст.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншоот дар маҷмуъ беш аз 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин карда шуд, ки аз шумораи умумии кормандон наздики 80 нафарашро занону духтарон ташкил медиҳад.

Маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” дар масоҳати 2500 метри мураббаъ бо тарҳи муосир ва шаклу услуби хоси меъморӣ бунёд карда шуда, дар он маркази фурӯши маҳсулоти гуногун аз ҷумла, хӯрокворӣ, лавозимоти рӯзгор, сехи истеҳсоли ҳасиббарорӣ, маҳсулоти ширӣ, хӯришҳо, нонвойхона, нуқтаи ҳозиразамони фурӯши маҳсулоти қаннодӣ, хӯрокҳои тезтаёр, қаҳвахона ва дорухона вуҷуд дорад.

Минбаъд сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд аз хизматрасонии сатҳи ҷаҳонӣ бархурдор гашта, метавонанд маҳсулоти ниёзи худро бо сифати баланд харидорӣ кунанд.

Дар маҷмуъ дар маркази савдо ва хизматрасонӣ аслан маҳсулоти истеҳсоли коргоҳу корхонаҳои ватанӣ, аз ҷумла маҳсулоти гӯштӣ, ширӣ, қаннодӣ, обҳои гуногун ва меваю сабзавот, ки дорои сифати баланд ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад  пешниҳоди мизоҷон гардонида мешавад.

Ҳамзамон баҳри нигоҳдории молу маҳсулот иншооти ёрирасон, аз қабили анборҳои гуногун дар марказ бунёд карда шудааст, ки имкон медиҳад маҳсулоти зарурӣ захира гардида, сари вақт ба мизоҷон пешниҳод шавад.

Дар назди иншоот таваққуфгоҳи нақлиёт бо беш аз 200 ҷой таъсис ва атрофи бино ободу зебо ва чароғғон карда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳ ва шиносоӣ бо имкониятҳои маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” иқдоми наҷибонаи соҳибкори ватаниро намунаи ибрат хонда, баҳри мақсаднок истифода намудани имкониятҳои фароҳамовардашуда ва бо ин роҳ рушд бахшидани соҳа ба масъулон дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

Ҳамчунин дар ин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи корхонаҳои истеҳсолии шаҳри Хуҷанд боздид ба амал оварданд.

Дар намоишгоҳ 8 корхона ҶДММ “Ҷавонӣ”, “Насоҷии Хуҷанд”, “Наргис”, “Амир КО”, “Олимхони Хуҷандӣ”, “Раҳимов”, “Сатн” ва “Ниттинг” маҳсулоти истеҳсолии худро пешниҳод карданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд

9 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз дастовардҳои сокинони вилояти Суғд дар соли таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар назди роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он барои истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии ҷашни умумимиллии Истиқлолият дастуру супоришҳо доданд.

Дар се соли охир дар вилояти Суғд беш аз 8 ҳазор иншоот бо таъсиси 21 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Таъкид гардид, ки бо вуҷуди корҳои назарраси то имрӯз амалигардида, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва татбиқи чорабиниҳои вобаста ба панҷсолаи рушди саноат нақшаи корҳои ободониву бунёдкориро барои давраи то соли 2026 бо дарназардошти натиҷаҳои татбиқи нақшаи қаблӣ, таҳлили вазъи воқеии шаҳру ноҳияҳо, нақшаи генералии ҳар яки онҳо ва фароҳам овардани шароити инфрасохтории ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир дар муҳлати муайяншуда таҳия ва пешниҳод намоянд.

Соли 2021 ба иқтисодиёти вилоят 3,3 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 2,1 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ворид гардидааст, ки нисбат ба соли 2020 мутаносибан 2 ва 2,3 баробар зиёд мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи пурраи имкониятҳо, расидан ба ҳадафҳои муайянкардаи Ҳукумати мамлакат ва таъмин намудани рушди устувори вилоят ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш доданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор иҷрои сифатнок ва саривақтии лоиҳаҳои ба барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои солҳои 2021-2025 воридшударо таъмин намуда, банақшагириро дар самти рушди иҷтимоиву иқтисодӣ воқеъбинона, бо дарназардошти ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ва риояи принсипҳои «иқтисоди сабз» ба роҳ монанд ва ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди инфрасохторӣ, ҷалби боз ҳам бештари сармояи ватаниву хориҷӣ ва рушди соҳаҳои афзалиятнок диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Таъкид гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти вилоят ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш аз 50 миллиард сомонӣ маблағ равона карда шудааст. Дар ин давра барои тараққиёти бахшҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҳудуди вилоят 56 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 19 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ идома дорад, ки дар доираи онҳо то имрӯз 2,3 миллиард сомонӣ аз худ шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро вазифадор намуданд, ки якҷо бо роҳбарони вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он барои самаранок татбиқ кардани лоиҳаҳои сармоягузории давлатии дар вилоят татбиқшаванда тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Бо вуҷуди 105,8 иҷро гардидани нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иҷрои нақшаи на ҳама намудҳои андоз пурра таъмин гардида, аз ин ҳисоб ба буҷет беш аз 104 миллион сомонӣ маблағ ворид нашудааст.

Бинобар ин, масъулони соҳа ва роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки дар самти ташаккули буҷети маҳаллӣ ва истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои буҷетӣ чораҳои қатъӣ андешида, то нимсолаи якуми соли 2022 аз қабули буҷети иловагӣ худдорӣ намоянд.

Ҳамчунин, ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки якҷо бо Вазорати молия ва Кумитаи андоз ҷиҳати саривақт ва пурра ҷамъоварӣ намудани андозҳо, кам кардани бақияпулии онҳо, роҳ надодан ба қарздории музди меҳнат, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва шаффофияти хароҷоти онҳо, тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ба Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ супориш дода шуд, ки барои дастрасии соҳибкории хурду миёна ба қарзҳои имтиёзнок, махсусан дар ноҳияҳои дурдасти вилоят ва умуман зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.

Зимни таҳлили вазъи соҳаи саноати вилоят Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор карданд, ки рушди соҳаҳои саноати металлургия, сабуку хӯрокворӣ ва дорусозиро бо ворид намудани технологияҳои муосир ва истифодаи ҳарчи бештар аз захираҳои ашёи хоми вилоят тавассути коркарди пурраи маъдан, маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш таъмин карда, ба ин васила ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридотро афзоиш диҳанд.

Андешидани тадбирҳо дар самти бунёди корхонаҳои нави саноатӣ бо технологияҳои замонавӣ ва дар ин замина таъмин намудани диверсификатсияи истеҳсолот ва дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим номида шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Cуғд ва шаҳру ноҳияҳои он вазифа гузоштанд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва роҳ надодан ба қатъ гардидани фаъолияти корхонаҳо чораҷӯӣ намуда, ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, бахусус, сармояи мустақим ва тақвияти иқтидори истеҳсолии вилоят бо истифодаи технологияҳои муосир тадбирҳои мушаххас андешанд.

Роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар самти боз ҳам зиёд намудани истеҳсоли либоси мактабӣ вазифадор шуданд.

Сарвари давлат ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки ҷиҳати васеъ ба роҳ мондани коркарди ашёи хоми ватанӣ, бахусус, нахи пахта, пилла, мева ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Соли 2021 кишоварзони вилоят ба маблағи 12,3 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли 2020-ум 7,1 фоиз зиёд мебошад.

Дар баробари ин, дар ҳудуди вилоят коҳишёбии майдони кишти як қатор зироатҳо ба қайд гирифта шудааст.

Ба масъулони соҳа барои зиёд намудани ҳаҷми маҳсулот, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, барқарорсозии боғҳои кӯҳна, бунёди боғҳои нави интенсивӣ ва риояи талаботи агротехникӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ҷиҳати татбиқи ҳадафи стратегии Ҳукумати кишвар оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ ба роҳбарону масъулини вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дастур дода шуд, ки якҷо бо вазорату идораҳои марбута дар самти истифодаи самараноки обу замин, зиёд намудани майдони кишт, беҳтар кардани фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси марказҳои логистикӣ, инчунин нигоҳдорӣ, коркард, бандубаст ва содироти маҳсулоти соҳа тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Таъкид гардид, ки илова бар ин, бояд корҳо доир ба ташкили корхонаҳои чорводориву парандпарварӣ, хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ вусъат дода шаванд.

Роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Вазорати кишоварзӣ, Агенти беҳдошти замин ва обёрӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадор гардиданд, ки барои беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо, барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва аз худ кардани заминаҳои нав тадбирҳои зарурӣ андешида, бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ истифодаи самараноки замин ва низоми обёрии вилоятро таъмин намоянд.

Доир ба ҳалли масъалаи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки доир ба таҷдиду азнавсозии роҳҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо ва байни маҳалҳои аҳолинишин, инчунин, дар самти нигоҳдории роҳҳо бояд чораҳои зарурӣ андешанд.

Ба хотири рушди соҳаи маориф Сарвари давлат роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор намуданд, ки якҷо бо Вазорати маориф ва илм барои таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ, алалхусус, забонҳои русиву англисӣ тадбирҳои фаврӣ андешанд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати соҳибкасб гардонидани сокинон ва баланд бардоштани нишондиҳандаҳои шуғлнокӣ аз Президенти мамлакат вазифаҳои мушаххас гирифтанд.

Роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳамчунин, вазифадор шуданд, ки доир ба бартараф намудани норасоии табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ва рафъи дигар камбудиҳои ҷойдошта чораҷӯӣ намоянд.

Вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ зарур шумурда шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва эмгузаронии пурраи гурӯҳҳои мақсадноки аҳолии вилоят вусъат дода шаванд.

Дар байни аҳолӣ корҳо дар самти пешгирӣ кардани гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу экстремистӣ, зуҳуроти бегонапарастӣ, тақлид ба сарулибоси бегона ва анъанаҳои номатлуб густариш бахшидан, ба ҳушёриву зиракӣ ҳидоят кардани ҷавонон ва дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия кардани онҳо аз вазифаҳои муҳимми роҳбарону фаъолон номида шуд.

Вобаста ба ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бо ҷалби васеи сохторҳои кор бо ҷавонон, занон, падару модарон ва фаъолони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷиҳати пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ ва дигар қонуншиканиҳо чораҳои мушаххас андешанд.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми сарбаланду заҳматқарини Суғди бостонӣ анъанаҳои неки бунёдкориву созандагии Ватани муқаддасамонро идома бахшида, ба дастовардҳои боз ҳам бештари иҷтимоиву иқтисодӣ ноил мегарданд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба натиҷаҳои ҷамъбасти нишондиҳадаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2021 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо ба Сарвари давлоат ҳисобот доданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Фестивал-намоиши чорвои хушзот дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуданд

9 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Фестивал-намоиши чорвои хушзот, чорвои калон барои истеҳсоли шир ва гӯшт, шутур барои шир ва гӯшт, асп, гӯсфанд ва бузҳои зотӣ иштирок карданд.

Дар намоишгоҳ фермаҳои ширию молӣ, коргоҳу корхонаҳои парандапарварӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидори бахши чорвопарварӣ навъу намудҳои мухталифи чорворо ба намоиш гузоштанд.

Ба ин мавзеъ даҳҳо намуди чорвои калон, гӯсфанду буз, асп, шутур, шутурмурғ, кабк, мурғи ҳилол, фазан, моҳӣ, хӯрокиҳои омехтаи чорво, ки дар ҳамаи 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд парвариш ва истеҳсол карда мешаванд, оварда шуданд.

Дар фестивал-намоиш чорвои калони зоти сиёҳало, голштенӣ, сименталӣ, шведӣ, гӯсфандони зоти ҳисорӣ, бузҳои зоти серпашми тоҷикӣ, бузҳои ширии зоти зааненӣ ва алпенӣ, шутурҳои яккӯҳа ва дукӯҳа, намуди моҳиҳои зағорамоҳӣ, пешонағафси сафед, амури сафед ва ғайраҳо ба намоиш гузошта шуданд.

Манзараи намоишгоҳ аз рушди устувори бахши муҳими соҳаи кишоварзӣ, чорводорӣ дар вилояти Суғд дарак медод.

Дар натиҷаи татбиқи амалии стратегияҳои алоҳида рушди бахши чорводорӣ дар вилоят марҳила ба марҳила таъмин мегардад.

Дар Фестивал-намоиши чорвои хушзот чорвои калон барои истеҳсоли шир ва гӯшт, шутур барои шир ва гӯшт, асп, гӯсфанд ва бузҳои зотӣ, инчунин намудҳои гуногуни асп, аз ҷумла аспҳои зоти тоҷикӣ ба намоиш гузошта шуд. Маълум гардид, ки дар ҳамаи шакли хоҷагидорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 8 ҳазору 575 сар асп парвариш меёбад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо иштирокчиёни Фестивал-намоиш бо истифода аз зарфияти мавҷудаи аграрии мамлакат ҷиҳати таъсиси комплексҳои чорводорию парандапарварӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Сарвари давлат аснои шиносоӣ бо дастовардҳои чорводорону парандапарварон ва дигар истеҳсолкунандагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд кори хоҷагидоронро намунаи барҷастаи амалисозии тадбиру барномаҳои давлатӣ дар самти рушди чорводорӣ маънидод карда, бобати бештар сайқал додани ин бахши сердаромад ба масъулони сатҳи ҷумҳуриявию вилоятӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими бунёди боғи интенсивӣ дар «Боғи миллии Ваҳдат» иштирок намуданд

9 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар маросими бунёди боғи интенсивии зардолу ва ба истифода додани хати оби полезӣ дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» иштирок карданд.

Дар ҳамин мавзеъ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст хати оби полезиро, ки аз чуқурии 40 метр бароварда шуда, барои обёрии 20 гектар замин пешбинӣ гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

Иқдоми бунёди чоҳи амудӣ, ки аз 90 метр иборат аст, бо ташаббуси маъмурияти боғ амалӣ шуд.

Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шинонидани ниҳолҳои зардолу ба бунёди боғи интенсивӣ асос гузоштанд.

Бунёди боғи интенсивии зардолу дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат бо иқдоми маъмурияти Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” амалӣ гардид.

Дар ин қитъа ниҳоли зардолуҳои қадпасти аз Ҷумҳурии Туркия воридгардида аз рӯи меъёри 4 бар 3 шинонида шудааст.

Ҷиҳати истифодаи мақсадноки замин дар байни қаторҳои боғи навбунёд, инчунин кишти зироати барвақтӣ, аз ҷумла картошкаи зери плёнка ва сабзавот ба роҳ монда шудааст.

Тибқи стандарти бунёди боғҳои анъанавӣ, дар масоҳати 5 гектар замин мувофиқи меъёри 8 ба 8 метр дар як гектар шинонидани 150 -156 бех ниҳол муқаррар карда шудааст. Аз рӯи меъёри 10 ба 10 метр  дар як гектар метавон 100 бех ниҳол шинонид, ки дар шароити феълӣ ин усули бунёди боғ камдаромад мебошад.

Дар ҳамин масоҳати 5 гектар замини ҳудуди Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳудуди чор ҳазор ниҳоли зардолуи қадпаст шинонида мешавад, ки ин яке аз афзалияти бунёди боғҳои интенсивӣ мебошад. Зимнан ҳамин усул ба гирифтани маҳсулнокии баланд ва сифатнокии мева мусоидат мекунад.

Ҳамин аст, ки баъди тасмими ташкили чунин боғҳо дар асоси супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо дар “Боғи миллии Ваҳдат” бештар аз 18 гектар боғи интенсивӣ ва суперинтенсивӣ бунёд карда шудааст.