Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд. 

Масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба, ҳамчунин, мавзуоти байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Президентҳо аз сатҳи имрӯзаи ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карданд.

Сарварони ду давлат ҳамдигарро бо фарорасии идҳои Наврӯз ва Иди саиди Фитр табрик намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Узбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев Пешвои миллатро ба муносибати ба имзо расонидани Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон шодбош гуфтанд.

Оғози сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсияи Русия

16 март сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия бо ворид шуданашон ба шаҳри Москва оғоз ёфт.

Маросими истиқболи расмии меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳи Внуково-2-и шаҳри Москва баргузор гардид.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллин ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ пазироӣ карданд.

Барои истиқболи шоиста майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар оро ёфта, Ротаи қаровули фахрии гарнизони ҳарбии Москва ва оркестри низомии асбобҳои нафасӣ саф ороста буд.

Президенти Тоҷикистон бо сафари расмӣ ба Федератсияи Русия мераванд

16-17 марти соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия сафари расмӣ анҷом медиҳанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тавре хабар дода мешавад, дар доираи сафари расмӣ масоили ҳамкории дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва амниятӣ, инчунин мавзуъҳои минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб баррасӣ хоҳад шуд.

Тибқи нақша, баъди мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида мешавад.

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қирғизистон ба анҷом расид

Бегоҳии рӯзи 13 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари давлатии худро ба Ҷумҳурии Қирғизистон ба анҷом расонданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Бишкек Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров гусел намуданд.

Сафари давлатии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қирғизистон ду рӯз идома ёфт.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва дигар шахсони воломақом гуфтушуниди муфассал анҷом доданд.

Аз рӯйи натиҷаи ҳамоиши Тоҷикистону Қирғизистон дар сатҳи олӣ 16 санади навӣ ҳамкорӣ ба имзо расид, ки муҳимтарини онҳо Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев мулоқот намуданд

13 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон бо Раиси Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили мубрами рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон бо таваҷҷуҳ ба иҷрои тавофуқоти дар ҷараёни сафари давлатӣ ҳосилшуда дар соҳаи тиҷорату иқтисод баррасӣ гардид.

Доир ба ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, кишоварзӣ, энергетика ва сармоягузорӣ табодули муфассали афкор сурат гирифт.

Таваҷҷуҳи махсус ба масоили таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои ояндадори саноат, ташкили намоишгоҳҳо ва форумҳои тиҷоратӣ, ба роҳ мондани ҳамкории зичу пурсамар миёни минтақаҳо, бахусус маҳалҳои наздисарҳадӣ зоҳир карда шуд. Ба мавзӯи барқарорсозии хайтсайрҳои ҳавоии мусофиркашонӣ миёни шаҳрҳои ду кишвар диққати махсус дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Торагаи Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Шакиев мулоқот намуданд

13 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон бо Торагаи (Раиси) Жогорку Кенеши (Парлумони) ин кишвар Нурланбек Шакиев мулоқот намуданд.

Сарвари давлати мо нақши мақомоти қонунгузорро дар рушди ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ таъкид намуданд.

Таъкид гардид, ки дипломатияи парлумонӣ метавонад ба рушди минбаъдаи ҳамаи муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон такони иловагӣ бахшад.

Бо қаноатмандӣ ҳамкории созандаи ду кишвар дар доираи гуруҳҳои дӯстии парлумонӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавии парлумонӣ қайд карда шуд.

Изҳороти муштарак оид ба таҳкими минбаъдаи риштаҳои дӯстӣ ва некуҳамсоягӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, бар пояи анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва эҳтироми мутақобили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон,

бо истинод ба принсипҳо ва уҳдадориҳое, ки дар Аҳднома оид ба муносибатҳои асосии байнидавлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз 12 июли соли 1996 ва Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муносибатҳои некӯҳамсоягӣ ва ҳамшарикӣ аз 26 майи соли 2004 муқаррар шудаанд,

бо тасдиқи пойбандии худ ба принсипҳо ва меъёрҳои маъруфи ҳуқуқи байналмилалӣ, ки дар Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, инчунин дар шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок менамоянд, бо дарназардошти аҳамияти таърихии 30-солагии имзои Аҳднома оид ба муносибатҳои асосии байнидавлатӣ, ки дар соли 2026 таҷлил мешавад, бо итминон ба он, ки рушди минбаъдаи ҳамкории ҳамаҷонибаи мутақобилан судманд ҷавобгӯи манфиатҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад, изҳор менамоянд: