Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

26 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншоот дар асоси татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи иқдомҳои бунёдкорӣ ҷиҳати истиқболи шоиста аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Сохтмони бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3 соли 2021 оғоз ёфта, соли 2023 ба анҷом расонида шуд. Бинои иловагии муассиса аз таҳхона ва 24 синфхона иборат буда, барои 1240 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Китобхона ва синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ аз шумули шароитҳоест, ки имкониятҳои муассисаи навро комил сохтааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Ҳосила» ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ шинос шуданд

26 октябр Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Ҳосила”-и деҳоти Чоргултеппа шинос шуданд.

Хоҷагии деҳқонӣ дар доираи татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат — таъмини амниятии озуқаворӣ таъсис дода шудааст.

Кишоварзон бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва риояи қоидаҳои агротехникӣ ҳамасола ду-се ҳосил ба даст оварда, дар баробари таъмини сокинони ноҳия бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ бозори истеъмолии пойтахтро низ таъмин менамоянд.

Хоҷагии деҳқонии «Ҳосила» 1 гектарро ташкил намуда, аллакай кишти тирамоҳии ғалла ва макка барои дон гузаронида шудааст. Инчунин меҳнаткашон ҳамасола аз замин намудҳои гуногуни сабзавотро истеҳсол ва ба бозор пешниҳод менамоянд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ Корхонаи парандапарварии «Ҳилол»-ро ба истифода доданд

26 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, вусъати кишти тирамоҳӣ ва ифтитоҳи якчанд  иншооти гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сароби деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ Корхонаи парандапарварии «Ҳилол»-ро ба истифода дода, бо фаъолияти он шинос гардиданд.

Коргоҳи нав асосан ба парвариши парандаҳои навъи мурғи марҷон, кабк ва фазан машғул буда, дар навбати аввал ҳадаф дорад эҳтиёҷоти бозорҳои дохилиро бо гӯшти парҳезии паранда қонеъ созад. Бо афзоиш ёфтани иқтидори парваришу истеҳсол дар оянда содироти маҳсулоти ниҳоӣ  ба дигар давлатҳо низ дар назар дошта шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба фаъолияти ҶДММ «Хишти Ваҳдат» оғоз бахшиданд

25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Ваҳдат ба таври онлайн ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хишти Ваҳдат» оғоз бахшиданд.

Корхонаи нави истеҳсолӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Солҳои рушди саноат» солҳои 2022-2026 аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд гардидааст.

Масоҳати умумии корхонаи хиштбарорӣ 3 гектарро дар бар гирифта, аз ин майдони 1,8 гектарро кон ташкил медиҳад.

Корхонаи хиштбарорӣ дар шафати шоҳроҳи Душанбе — Ваҳдат дар домани кӯҳсор ҷойгир буда, ашёи хом тавассути техникаи зарурӣ истихроҷ мегардад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бо лоиҳаи сохтмони коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунаромӯзӣ шинос гардиданд

25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои ободонию созандагии сокинони ватандӯсти шаҳри Ваҳдат, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хушрӯз» Саъдуллоев Шамсулло ва бародарон Саъдуллоевҳо шинос шуданд.

Аз ҷониби соҳибкорон танҳо дар деҳоти Шаҳдбор 1 километр роҳи мошингард бо паҳноии 8 метр мумфарш карда шуда, бунёди маркази ҳунаромӯзӣ барои занону духтарони шаҳри Ваҳдат идома дорад.

Роҳи мазкур чароғон карда шудааст ва минбаъд барои рафтуомади бемонеи сокинону нақлиёт хизмат мерасонад.

Ёдовар мешавем, ки зимни як сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат 27 июни соли 2017 ва аснои ба истифода додани корхонаи хурди истеҳсолӣ ва нуқтаи таъмири нақлиёт дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хушрӯз” Сарвари давлат ба соҳибкори ватанӣ барои бунёди як коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунаромӯзӣ дастуру ҳидоятҳо дода буданд. Инак бунёди маркази ҳунаромӯзӣ бо 60 ҷои корӣ оғоз гардида, дар назар аст, ки дар ин ҷо синфхонаи таълими ронандагон, дӯзандагӣ, пазандагӣ, забономӯзӣ ва касбомӯзӣ идома дорад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бо лоиҳаи сохтмони бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ шинос шуданд

25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ дар гурўҳи ноҳияҳои Ваҳдат дар саҳни ҳавлӣ бо лоиҳаи сохтмони бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ва лоиҳаи сохтмони шуъбачаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурўҳи ноҳияҳои Рашт шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат дар шафати шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар масоҳати 1041 метри мураббаъ сохта шуда, майдони зери сохтмони бинои шуъба 805 метри мураббаъро ташкил хоҳад дод.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилиро дар гурӯҳи ноҳияҳои Ваҳдат ифтитоҳ намуданд

25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои нави шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои Ваҳдатро  мавриди истифода қарор доданд.

Бинои шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои Ваҳдат дар масоҳати 2280 метри мураббаъ сохта шуда, масоҳати зери сохтмони бино1819 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Бинои шуъба аз таҳхона ва 2 ошёна иборат буда, 25 ҳуҷраи корӣ, толори маҷлис бо 30 ҷойи нишаст, ошхона барои 30 нафар, бойгонӣ, қабулгоҳ, анбори маҳсулоти хӯрока ва нуқтаи гармидиҳӣ дорад, ки бо тарҳи зебо сохта шудааст.