Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ суҳбат намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи мубоҳисаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Амири Давлати Қатар шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ суҳбат намуданд.

Зимнан масоили вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва чанде аз мавзуъҳои минтақавию ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд, аз ҷумла, ба рӯзномаи ҳамоиши сарони давлатҳо дар Муколамаи Осиё оид ба ҳамкорӣ, ки ба наздикӣ дар Қатар баргузор хоҳад шуд, зоҳир гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Холид Ал-Ҳамад ал-Муборак Ал-Сабоҳ мулоқот намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Холид Ал-Ҳамад ал-Муборак Ал-Сабоҳ мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Кувайт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо оид ба таҳкиму тавсеаи робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ, алоқаи ҳавоӣ ва таъмини амният табодули афкор карданд.

Барои беҳбуд бахшидан ба робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ тавсеаи ҳамкорӣ бо Фонди кувайтӣ оид ба рушди иқтисодиёти арабӣ ва ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ зарур шумурда шуд.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид

Муҳтарам ҷаноби Раис,

Ҳозирини гиромӣ,

Дар оғози сухан ҷаноби Филемон Янгро ба муносибати интихоб шуданашон ба ҳайси Раиси Иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид табрик мегӯям.

Ҳамчунин, ба ҷаноби Деннис Фрэнсис барои фаъолияти самарабахш дар мақоми Раиси Иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милал арзи сипос менамоям.

Ҳозирини гиромӣ,

Имрӯз ҷаҳон дар шароити хеле ҳассосу мураккаб қарор дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ намуданд

24 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар Мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоишро ба вазъи хеле ҳассосу мураккаби ҷаҳон ҷалб карда, таъкид доштанд, ки равандҳои пуртазоди геосиёсӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, шиддат гирифтани “ҷанги сард”, низоъҳои мусаллаҳона, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ, бешубҳа, оқибатҳои манфии дарозмуддат хоҳанд дошт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳидсозии талошҳои муштараки ҷомеаи ҷаҳониро ба мақсади ҳифзи амну субот ва таъмини рушди устувор зарур шумурда, ба сарони давлатҳо муроҷиат намуданд, ки бо мақсади дастрасӣ ба ин ҳадафҳо ва хотима бахшидан ба ҳамаи ҷангу низоъҳо ва амалисозии ҳадафҳои сулҳҷӯёна муттаҳид шаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён мулоқот намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ маҷмӯи масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушду тавсеаи назарраси равобити дӯстиву бародарӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки мо омодаем минбаъд низ барои тақвияти он тадбирҳои муштараки амалӣ андешем.

Ба густариши муносибатҳо дар бахшҳои афзалиятноки иқтисоду тиҷорат, тақвияти равобити илмию омӯзишӣ ва таълимии ду кишвар ва рушди ҳамкории фарҳангӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд

23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд.

Дар мулоқот рушди ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мо нақши созмонро дар татбиқи барномаҳои муҳимми сиёсиву амниятӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишварамон қадр мекунем.

Ҷонибҳо вазъи мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳон, паёмадҳои буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ, камбизоатӣ ва ноамнии озуқавориро муҳокима намуда, амалҳои дастҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳониро дар ин самтҳо зарур шумурданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ Селесте Сауло мулоқот намуданд

23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ хонум Селесте Сауло мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди байналмилалӣ ва рӯзномаи глобалии обу иқлими Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар доираи “Раванди оби Душанбе” ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки “дар ин замина, мо ба ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ, ки чандин даҳсолаҳо идома дорад, аҳамияти хос медиҳем”.

Нақшаи дар соли 2025 баргузор шудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи ҳифзи пиряхҳо намунаи ин ҳамкорӣ номида шуд.