Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

27 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Хабари ҳодисаи инфиҷори шадид дар Бандари Шаҳид Раҷоӣ дар Бандар Аббоси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва бар асари он ба ҳалокат расидан ва маҷрӯҳ шудани теъдоди зиёди мардум боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Бо эълони ҳамбастагӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин ҳодисаи фоҷеабор ба Шумо, давлат ва мардуми дӯсти Эрон маротиби ҳамдардӣ ва таслияти самимии инҷонибро иброз намуда, аз даргоҳи Худованд барои фавтидагон раҳмату мағфират ва барои ҳамаи маҷрӯҳон шифои комил масъалат дорам”.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуданд

25 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини як қатор сохторҳои давлатӣ ва роҳбарони лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи энергетика машварати корӣ доир намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳадафи кори машварат баррасии татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи энергетика, хусусан, лоиҳаҳо оид ба кам намудани талафоти неруи барқ ва бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт мебошад.

Ҳамзамон бо ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки масъалаи таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бо неруи барқ аз афзалиятҳои аввалиндараҷаи давлат ва Ҳукумат маҳсуб ёфта, дар ин самт Ҳукумати кишвар тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуда истодааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Драупади Мурму ва Нарендра Модӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

23 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба амали мудҳиши террористӣ, ки дар минтақаи Ҷамму ва Кашмир рух додааст, ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Драупади Мурму ва муҳтарам Нарендра Модӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва захмӣ шудани шумораи зиёди одамони дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар минтақаи Ҷамму ва Кашмир боиси андӯҳи беандоза ва нигаронии амиқи мо гардид.

Мо ин амалкарди золимонаи нерӯҳои ҷиноятпешаро қотеона маҳкум карда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати тақвияти муборизаи беамони сарҷамъона алайҳи ҳама гуна зуҳуроти терроризму ифтротгароӣ боз ҳам таъкид менамоем.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири кишвари (корҳои дохилии) Ҷумҳурии Исломии Эрон Искандар Муъминиро ба ҳузур пазируфтанд

22 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон Вазири кишвари (корҳои дохилии) Ҷумҳурии Исломии Эрон Искандар Муъминиро ба ҳузур пазируфтанд. 

Дар ҷараёни суҳбат ҷанбаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон, бахусус ҳолат ва дурнамои ҳамкории ду кишвар дар соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ ва амният, баррасӣ шуд.

Дар ин зимн зарурати татбиқи фаъоли натиҷаҳои сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон дар аввали соли 2025 ва санадҳои дахлдори имзошуда таъкид карда шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба тақвияти ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар бо истифода аз абзорҳои мавҷуда зоҳир гардид. Аз ҷумла доир ба тавсиаи ҳамкорӣ вобаста ба таҳаввулоти ҷиддии нигаронкунанда дар ҷаҳони имрӯза, шиддати рақобатҳои геосиёсӣ, таҳдиду хатарҳои замони муосир мубодилаи афкор анҷом дода шуд.

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 22 апрели соли 2025 №233
ш. Душанбе

Дар бораи муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Вализода И.С.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Вализода Илҳомиддин Сироҷиддин муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

22 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ таъиншавандаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вализода Илҳомиддин Муовини вазири корҳои дохилӣ таъин карда шуд.

Мутобиқи моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи милитсия” дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои роҳбарӣ дар як қатор раёсатҳои дастгоҳи марказии  Вазорати корҳои дохилӣ, раёсату шуъбаҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои гуногун кадрҳои соҳибтаҷриба ва ҷавону варзида таъин карда шуданд. Сардорони шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, Панҷакент, Гулистон, Конибодом, Левакант, ноҳияҳои Муминобод, Данғара, Хуросон, Шаҳритус, Ёвон, Балҷувон, Спитамен, Мастчоҳ, Айнӣ, Ванҷ, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур аз ҳисоби мутахассисони варзида таъин гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Декани Коллегияи кардиналҳои Тахти Муқаддас Кардинал Ҷованни Баттиста Ре барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

21 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Декани Коллегияи кардиналҳои Тахти Муқаддас муҳтарам Кардинал Ҷованни Баттиста Ре барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Ҷаноби Воломақом,

Хабари даргузашти Олиҳазрат Попи Рим Франсиск боиси андӯҳи амиқи инҷониб гардид.

Марҳум бо фаъолияти доманадори худ  ба ҳайси Понтифики бузург дар умури ҷаҳонӣ саҳми босазо гузошта, бо ибтикороту амалҳои созандааш дар саросари олам маъруфият пайдо карда буд. Мо хизматҳои шоёни ӯро дар таҳкими муколама миёни тамаддунҳо ва татбиқи фарогири усулҳои сулҳу субот, таҳаммулпазирӣ ва ризояти умум аз ҳар ҷиҳат назаррас медонем ва қадр мекунем.