Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Ҷумҳурии Гамбия Муҳаммад Яллоуро ба ҳузур пазируфтанд

28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Ҷумҳурии Гамбия Муҳаммад Яллоуро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили роҳандозӣ ва густариши ҳамкории Тоҷикистону Гамбия баррасӣ шуд.

Густариши робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодию тиҷоратӣ муҳим дониста шуд.

Ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангӣ, илмӣ, таҳсилотӣ ва сайёҳӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Рушди ҳамкории байнипарлумонии ду кишвар, аз ҷумла таъсис додани гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ амри зарурӣ арзёбӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти Бонки Осиёии рушд Ингминг Янг мулоқот намуданд

28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти Бонки Осиёии рушд Ингминг Янг, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, мулоқот намуданд.

Дар мулоқот масоили рушду тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бонки Осиёии рушдро яке аз шарикони асосии Тоҷикистон дар ҷодаи рушд номиданд.

Таъкид гардид, ки тайи солҳои ҳамкорӣ портфели маблағгузории Бонк 190 лоиҳаро ба маблағи умумии зиёда аз 2,7 миллиард доллар дар бар гирифтааст ва ин лоиҳаҳо дар рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвари мо нақши муҳим доранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология Селеста Саулоро ба ҳузур пазируфтанд

28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология Селеста Саулоро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили вобаста ба густариши ҳамкории дуҷониба ва рӯзномаи конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряҳхо баррасӣ шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақомро хайрамақдам гуфта, барои дастгирӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти ҳифзи пиряхҳо, изҳори сипос карданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарикунандаи соҳаҳои маориф, кишоварзӣ, хариди давлатӣ, таъмини амволи махсус ва ғайра таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар соҳаҳои маориф, кишоварзӣ, хариди давлатӣ, таъмини амволи махсус ва ғайра таъиншавандаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Ба вазифаҳои директори Агентии хариди мол, кор ва хизматрасонӣ, муовини вазири кишоварзӣ, муовини вазири нақлиёт, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ,  муовини директори Агентии таъминоти амволи махсус, директори Корхонаи махсуси (қазонии) давлатии ҷумҳуриявии «Тиллои Тоҷик», ректорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва директори Муассисаи давлатии маҷмааи «Кохи Борбад»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои ҷавону соҳибтахассус ва варзидаи ин соҳаҳо таъин гардиданд.

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол

Ҳамватанони азиз!

Мухлисону дӯстдорони варзиши футбол!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо ташаббуси Тоҷикистон дар саросари олам таҷлил мегардад, самимона табрик мегӯям.

Як сол пеш, яъне 7-уми майи соли 2024 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Тоҷикистон қатъномае қабул намуд, ки тибқи он таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол расман ба тақвими байналмилалӣ ворид гардид.

Қобили зикр аст, ки ин иқдоми созанда боз як далели нақши фаъол ва обрӯи афзояндаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ва саҳми он дар тақвияти арзишҳои умумибашарӣ, аз ҷумла сулҳу дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагиву ҳамкорӣ тавассути варзиш мебошад.

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Ҷавонони саодатманду сарбаланди кишвар!

Соҳибони фардои Ватан!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки ҳар сол санаи 23-юми май дар кишвари соҳибистиқлоли мо таҷлил мегардад, самимона табрик мегӯям.

Ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломативу хушбахтӣ ва дар ҷодаи муқаддаси ватансозиву ватандорӣ азму иродаи қавӣ орзу менамоям.

Мо ҷавононро барои расидан ба ҳадафҳои созанда ва ба оянда нигаронидашудаи давлат ва Ҳукумати мамлакат қувваи бузург медонем.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 80-солагии Ғалаба дар шаҳри Москва иштирок намуданд

9 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба қасри Кремл ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин самимона истиқбол гирифтанд.

Барои иштирок дар ин чорабинии бошукӯҳ сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо аз 29 кишвари ҷаҳон ба Москва ташриф оварданд.

Зимни иштирок дар паради ҳарбӣ Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо аз кишварҳои ҷаҳон дидору суҳбатҳои судбахш анҷом доданд.