Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон меҳмонхонаи «Хуҷанд» ва кӯли шаҳрӣ пурра таъмиру навсозӣ карда мешавад.
Зимни муаррифии тарҳи навсозии меҳмонхона ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дода шуд, ки дар доираи корҳои навсозӣ тамоми ошёна ва ҳуҷраҳо аз таъмири капиталӣ бароварда хоҳад шуд. Меҳмонхонаи мазкур дар асри бист сохта шуда, наздик 20 сол инҷониб фаъолияти назаррас надошт. Бинои меҳмонхона аз 14 ошёна иборат буда, дорои 187 ҳуҷра мебошад ва метавонад 294 нафарро дар як вақт қабул намояд.
Тибқи лоиҳа тамоми утоқҳои корӣ ва ҳуҷраҳои қабули меҳмонон навсозӣ гардида, ошхона барои 126 нафар, тарабхона бо 200 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ, ҳавзи шиноварии болопӯшида ва мавсимӣ, амфитеатр, ҳамом ва дигар иншооти ёрирасон бунёд мегардад.