Дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи саноат ҳамчун самти калидии пешрафти иқтисодӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда, инчунин ташкили ҷойҳои нави корӣ дар меҳвари таваҷҷуҳт мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад.



Сокинони сарбаланди вилоят, ҳайати фармондеҳӣ ва кулли хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои вилояти Суғдро ба муносибати 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, ба ҳамагон хотирҷамъию саодати рӯзгор ва дар иҷрои рисолати хизмат ба халқу Ватани маҳбуб дастоварду муваффақиятҳои беназир орзу менамоям.

