6 март Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар ноҳияи Ашт бо ҷараёни корҳои сохтмонии нерӯгоҳи офтобӣ шинос гардиданд.
Ба иттилои масъулин нерӯгоҳи офтобӣ дар масоҳати 750 гектар бунёд гардида, иқтидори он 250 мегаваттро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳа 125 миллион доллари амрикоиро дар бар мегирад. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳ беш аз 115 ҳазор хоҷагӣ бо нерӯи барқ таъмин мегардад.
Зикр гардид, ки татбиқи чунин лоиҳаҳои муҳими энергетикӣ дар доираи сиёсати энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда, ба истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия мусоидат менамояд ва дар самти расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар — таъмини истиқлолияти энергетикӣ нақши муҳим дорад.
Айни замон корҳои сохтмонӣ дар иншоот бо ҷалби мутахассисон ва техникаи зарурӣ тибқи нақша идома дошта, барои иҷрои босифати корҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Ба масъулини соҳа ва сохтмончиён ҷиҳати суръат бахшидан ба корҳои сохтмонӣ, таъмини сифати баланд ва дар муҳлатҳои муқарраршуда ба анҷом расондани лоиҳа дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Таҷлили Рӯзи Модар дар вилояти Суғд
5 марти соли ҷорӣ чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гардид. Қасри таърихии Арбоб мизбони ҳамоиши бошукӯҳ буд ва фазои аҷибу гуворои идона дошт.
Фазои идона аз гармӣ, эҳтиром ва қадршиносӣ нисбат ба зан — модар, ки посдори оташи хонадон ва арзишҳои маънавии ҷомеа мебошад, саршор буд.
Қасри Арбоб идона ороиш ёфта, занону бонувон зери навои форами мусиқӣ вориди толор шуданд. Дар толор модарони қаҳрамон, собиқадорони меҳнат, омӯзгорону табибон, фаъолзанон, намояндагони касбу кори гуногун ва ҷавонон ҷамъ омаданд.
Театри шаҳри Конибодом соҳиби бинои нав мешавад
Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Конибодом Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозилова ташриф оварда, ба сохтмони бинои нави театр санги асос гузошт.
Таъкид гардид, ки бунёди иншооти зебову замонавӣ ба рушди соҳаи театр, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва омодаю пешниҳод намудани намоишномаҳои ҷолиб аҳамияти калон дорад.
Кормандони театр аз ин иқдом изҳори хушҳолӣ намуда, миннатдории худро пеш аз ҳама ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.
Ҳамзамон, ба роҳбари вилоят лоиҳаи маҷмааи биноҳои баландошёнаи истиқоматии «Конибодом сити» муаррифӣ гардид. Иттилоъ дода шуд, ки тарҳи иншоот бо риояи меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ таҳия шудааст. Аз ҷумла, дар ошёнаҳои якум ва ҳудуди маҷмаа сохтмони мактаб, кӯдакистон, марказҳои савдою хизматрасонӣ, майдончаи варзишӣ, истгоҳи нақлиёт ва қаҳвахона пешбинӣ шудааст. Бунёди ин маҷмаа бо иқдоми ширкати сохтмонии "Империя" амалӣ гардида, баъди мавриди истифода қарор гирифтан барои шумораи зиёди сокинон ҷойҳои нави корӣ фароҳам меорад.
Раиси вилоят аз таҳияи чунин лоиҳаи замонавӣ истиқбол намуда, татбиқи тарҳҳои муосири сохтмониро дар дигар минтақаҳо низ муҳим арзёбӣ кард.
Соҳибкорони ватандӯсти шаҳр — Зафар Очилов, Зариф Очилов ва Хуршед Очилов, ки қаблан дар хориҷи кишвар фаъолият доштанд, имрӯз сармояи худро барои ободонии диёри хеш равона намудаанд. Аз ҷониби онҳо меҳмонхонаи замонавӣ бунёд гардидааст, ки аз чор ошёна иборат буда, дорои 12 ҳуҷра барои қабули сайёҳону меҳмонон мебошад. Дар бино тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардида, барои рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат мекунад.
Дар идома роҳбари вилоят бо лоиҳаи майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарабхонаи замонавӣ дар деҳоти Куҳандиёр шинос шуд. Майдони Парчами давлатӣ бо тарҳи зебо ва мутобиқ ба талаботи меъмории муосир лоиҳакашӣ гардида, бунёди он дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ нақши муҳим хоҳад дошт.
Таъкид шуд, ки амалисозии чунин ташаббусҳои судманд дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш имконият фароҳам меорад, то шароити кору фаъолият беҳтар гардида, сатҳи маънавиёту фарҳанги ҷомеа боло равад ва мутахассисони соҳибкасб ба камол расанд.
Шиносоии Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода бо сохтмони маркази савдо ва корхонаи саноатӣ
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозорҳои канори шоҳроҳи Хуҷанд–Ғафуров таҷдиду навсозӣ гардида, мутобиқ ба талаботи меъморию шаҳрсозии муосир ба тартиб дароварда мешаванд.
Татбиқи чунин тадбири муҳим, пеш аз ҳама, ба беҳтар гардидани шароити кории соҳибкорону фурӯшандагон мусоидат намуда, барои ташкили нуқтаҳои нави савдо ва хизматрасонӣ имконияти бештар фароҳам меорад. Ҳамзамон, бо васеъ ва танзим шудани шоҳроҳ мушкилоти роҳу нақлиёт бартараф гардида, сатҳи хизматрасонӣ ба сокинону меҳмонон беҳтар хоҳад шуд.
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» бунёди Маркази логистикӣ идома дорад
Дар вилояти Суғд ҷиҳати татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва тақвияти иқтидори содиротӣ тадбирҳои муассир амалӣ гардида истодаанд. Бо ҳамин мақсад дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» бунёди Маркази логистикӣ ҷараён дошта, он ба рушди инфрасохтори соҳа, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорон ва ҳарчи бештар ба хориҷ баровардани молу маҳсулоти ватанӣ мусоидат хоҳад кард.
Мақолаҳои боқимонда...
- Шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи «Афранг Пластик»
- Боздиди Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода аз пойгоҳҳои обкашии ноҳияи Зафаробод
- Дар ноҳияи Зафаробод қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода баргузор гардид
- Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон




