Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода сокинони вилоятро бо Иди саиди Фитр табрик намуд

Субҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба масҷиди марказии шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони вилоятро бо фарорасии Иди саиди Фитр табрик намуд.
Зимни ироаи паёми табрикӣ Раиси вилоят сокинонро бо ин иди муборак самимона муборакбод гуфта, ба ҳар як хонавода саломатӣ, рӯзгори ободу осуда ва файзу баракат орзу кард.

Ташрифи муовини якуми Раиси Ҳукумати вилояти Воронежи Федератсияи Россия

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода муовини якуми Раиси Ҳукумати вилояти Воронежи Федератсияи Россия Данил Кустовро ба ҳузур пазируфт. Мулоқоти хоса ва васеи ҷонибҳо дар толори Қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Гулистон баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои байниминтақавиро дар самтҳои иқтисод, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор дода, аз натиҷаҳои мусбати ҳамкории ду минтақа изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр

Сокинони шарафманди вилоятро бо фарорасии Иди саиди Фитр самимона табрику муборакбод гуфта, ба ҳамагон саломативу хотирҷамъӣ, рӯзгори орому осуда, саодати зиндагӣ ва дастархони пур аз нозу неъмат таманно менамоям.
Дар моҳи шарифи Рамазон, ки айёми файзу баракат, хайру саховат, сабру таҳаммул, меҳру муҳаббат ва бахшиши гуноҳҳо мебошад, сокинони вилоят дар қатори тамоми мардуми Ватани маҳбубамон бо риояи суннату анъанаи гузаштагон амалҳои неку шоистаро боз ҳам густариш бахшиданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода кормандони мақомоти прокуратураро бо иди касбиашон табрик намуд

14 март ба муносибати Рӯзи кормандони прокуратура дар толори Прокуратураи вилояти Суғд ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода кормандони мақомоти прокуратураро бо иди касбиашон табрик гуфта, изҳор дошт, ки мақомоти прокуратура дар таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, назорати риояи дақиқ ва якхелаи қонунҳо ва таъмини суботу оромии ҷомеа нақши муҳим доранд.
Гуфта шуд, ки фаъолияти содиқона ва масъулиятшиносонаи кормандони прокуратура барои ҳифзи манфиатҳои давлату ҷомеа ва таъмини адолати иҷтимоӣ аҳамияти хос дорад.

Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати ҳафтум

13 март таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода дар оғоз иброз дошт, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони сарбаланди вилоят дар арафаи таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз ва ҳамзамон омодагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рӯҳияи болида ба созандагиву бунёдкорӣ машғул ҳастанд.