Ифтитоҳи Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсионӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мавриди истифода қарор доданд.

Ба истифода додани бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд

29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд, дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро мавриди истифода қарор доданд.

Ифтитоҳи фосилавии маркази савдо ва хизматрасонӣ, корхонаи парандапарварӣ ва шиносоӣ бо нашъунамои токзори ҳавозавӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Баъди оғоз бахшидан ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи “Қуттии тоҷик” Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд.
Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар идомаи иқдомҳои созанда ба ифтихори истиқбол аз 35-умин солгарди соҳибистиқлолии Тоҷикистон сохта шуда, дар ноҳия калонтарин иншооти хизматрасонӣ ба шумор меравад.

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли қуттиҳои картонии Қоғази тоҷик дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Кансойи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд.
Иншоот марҳилаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Қуттии тоҷик” буда, бо ҳадафи татбиқи саноаткунунии босуръати кишвар аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорон бунёд шудааст.

Ифтитоҳи бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкин бо 300 ҷойи нишаст баъди азнавсозӣ

29 март нахуст дар шаҳри Бӯстон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозиии пурра бо 300 ҷойи нишаст бо бардоштани парда аз руи лавҳаи рамзӣ, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Театри мазкур дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Бӯстон дар масоҳати умумии 1350 метри мураббаъ ҷойгир мебошад.