Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд баргузор гардид

Имрӯз, 10 июн таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати ҳафтум баргузор гардид.

Сафари кории Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба ноҳияи Айнӣ

Дар партави сиёсати бунёдкоронаву созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба истиқболи ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ корҳои ободониву созандагӣ рӯз аз рӯз густариш меёбанд.

Зиёрати турбати Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад

Як гурӯҳ равшанфикрон, ходимони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин рӯзноманигорони вилояти Суғд таҳти роҳбарии Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаб Аҳмадзода ба шаҳри Душанбе сафар намуда, оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин ходими намоёни давлативу ҷамъиятӣ Нисор Муҳаммадро зиёрат карданд.