Бо иқдоми ватандўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оромгоҳи Донскойи шаҳри Москва ба дили Ватанамон–шаҳри Душанбе овардани хоки фарзандони фарзонаи миллат, шаҳидони роҳи озодии миллати тоҷик Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад дар дили сокинони хурду калони ҷумҳурии азизамон ҳисси ифтихор аз ватандориро чун машъали нурафшон фурўзон кард.




