25 август Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ ба ноҳияи Деваштич сафари корӣ анҷом дод.
Зимни сафар роҳбари вилоят нахуст дар деҳаи Ҳазорчашмаи Ҷамоати деҳоти Муҷун рафти сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Чуноне иттилоъ дода шуд, бинои нави таълимӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо харҷи 1,4 миллион доллари ИМА сохта шуда, барои 620 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст. Бинои муҳташами замонавӣ аз 4 ошёна иборат буда, дорои 29 синфхона, 5 утоқи корӣ, лаборатория, толори хониш, китобхона, ошхона, маҷлисгоҳ, толори калони варзишӣ ва дигар иншооти зарурӣ мебошад.



25 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супориданд.
Дар истироҳатгоҳу осоишгоҳҳои шаҳри Гулистон, ки аз минтақаҳои сайёҳии вилояти Суғд маҳсуб меёбад, давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ беш аз 13 ҳазор нафар сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ табобат гирифтаанд.
Ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ ва фабрикаҳои мурғпарварӣ идома дорад.
Дар ҶДММ "Хубҷамъинвест", ки ба коркарди ғалла ва истеҳсоли орд машғул аст, хатти нави истеҳсолӣ фаъол мегардад. Дар ин бора зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи мазкур иттилоъ дода шуд.
