Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот намуданд

15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин мулоқот намуданд.

Сарони давлатҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чинро баррасӣ карданд.

Маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 75-солагии ходими давлатию ҷамъиятӣ Гулафзо Савриддинова

14 сентябр дар шаҳри Исфара бо иштироки фаъолони шаҳр бахшида ба 75 - солагии ходими давлатию ҷамъиятӣ Гулафзо Савриддинова  маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар маҷлиси тантанавӣ иброз дошт, ки масъалаи таваҷҷӯҳ ба нақши занон дар ҷомеа ва беҳдошти шароити онҳо ҳамеша дар меҳвари сиёсати созанда ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Оғози сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон

15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай вориди шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Самарқанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов, ҳокими вилояти Самарқанд Эркин Турдимов ва дигар намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон истиқбол гирифтанд.

Шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

13 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти корхонаҳои коркарди пахтаи "Хуҷанд агро", "Зафариён" ва "Юсуф саркор" шинос гардид.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чор корхонаи коркарди пахта фаъолият дошта, корхонаҳо имкон доранд, ки пахтаи дар ноҳия истеҳсолшударо пурра қабул ва коркард намоянд.

Шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

13 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо рафти ҷамъоварии пахта шинос гардид.

Бояд гуфт, ки имсол хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар 8028 гектар пахта кишт намуда, имрӯзҳо бо ҷалби ҳашарчиён ба чиниши ҳосил шурӯъ намудаанд. Тибқи иттилои масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия ҳамарӯза беш аз 9000 нафар ба ҷамъоварии пахта машғул буда, то имрӯз 1351 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст.