Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод намудани судяҳо

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи озод намудани судяҳо

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Муҳаммадзода Ҳомидҷон Бобоҷон аз вазифаи раиси суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд,
Маҳмадсаидзода Рустам Маҳмадсаид аз вазифаи судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд,
Раҳимзода Раҳмиддин Мирзокарим аз вазифаи судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, озод карда шаванд.

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон

Баъди анҷоми музокироти расмӣ дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Эрон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ як зумра санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ зери “Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон” имзо гузоштанд.

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон

Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон нахуст дар мулоқоти хоссаи Сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ оғоз ёфта, сипас дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб идома ёфт.

Зимни мулоқот мубодилаи судманди афкор дар бораи ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Эрон сурат гирифт.

Маросими пазироии расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон

Субҳи рӯзи 30 май маросими пазироии расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди кохи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гашт.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуд.

Таҷлили Рӯзи Қўшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 майи соли 2022 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муносибати Рўзи Қўшунҳои сарҳадӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок ва суханронӣ дар ҷамъомад сарбозону афсарони шуҷои Қўшунҳои сарҳадӣ, хизматчиёни ҳарбии ҳамаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳро бахшида ба Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ самимона табрик намуд. Қайд карда шуд, ки Қўшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар як муддати кўтоҳ дар ҷои холӣ, бе ягон базаи моддию техникӣ таъсис дода шуда буд, ба як воҳиди мукаммали дорои иқтидори мудофиавӣ табдил ёфта, вазифаи пуршараф ва муқаддаси дар наздаш гузошташуда, яъне ҳифзу ҳимояи марзҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарбаландона адо намуда истодааст.