Маҷлиси фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар нӯҳ моҳи соли 2022

11 октябр дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маҷлиси фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нӯҳ моҳи соли 2022 баргузор гардид.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода маҷлисро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ мусбат арзёбӣ мегардад.

Нақшаи истеҳсоли пахта дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров то имрӯз 79,1 фоиз иҷро шудааст

10 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо рафти ҷамъоварии пахта шинос шуд.

Раиси вилоят аз ҷумла дар хоҷагии деҳқонии ба номи Бобо Мақсуд вазъи чиниши пахтаро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, дар ҷамъоварии ҳосил саҳм гузошт ва ба чинакчиёни пешқадам туҳфаҳои хотиравӣ супорид.

Идомаи корҳои барқарорсозӣ дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корҳои бунёду барқарорсозии хонаҳои истиқоматии сокинон босуръат идома дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 10 октябр бо рафти корҳои сохтмонӣ шинос шуда, бо сокинон суҳбат намуд. Таъкид карда шуд, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хонаҳои харобшудаву зарардида то моҳи ноябр пурра омода шуда, сокинон бояд вориди хонаҳои худ шаванд.

Шиносоии Раиси вилоят бо мумфаршкунии роҳи деҳаи Навободи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи нақша-чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ идома дорад.

Аз ҷумла, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар деҳаи Навободи ноҳия мумфаршкунии 7 км роҳ ҷараён дошта, имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти корҳои мумфаршкунӣ шинос шуд ва барои иҷрои босифати корҳои роҳсозӣ ба масъулин супоришҳо дод.

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи Фалак

Бо мақсади ҳифз намудан ва равнақ бахшидан ба санъати фалак бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави кишвар ҳамасола санаи  10 – уми октябр Рӯзи Фалак таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат, кулли фалаксароён, санъаткорон ва мухлисони ин санъати волоро табрику таҳният мегӯям.

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба рушди санъати фалак таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардида, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16 ноябри соли 2001 ба ансамбли “Фалак” мақоми давлатӣ дода шуд. Боиси ифтихор аст, ки 15 декабри соли 2021 дар иҷлосияи ҶVI Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО номинатсияи мусиқии суннатии халқи тоҷик - “Фалак” ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид.