Бо мақсади ҳифз намудан ва равнақ бахшидан ба санъати фалак бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави кишвар ҳамасола санаи 10 – уми октябр Рӯзи Фалак таҷлил мегардад.
Ба ин муносибат, кулли фалаксароён, санъаткорон ва мухлисони ин санъати волоро табрику таҳният мегӯям.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба рушди санъати фалак таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардида, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16 ноябри соли 2001 ба ансамбли “Фалак” мақоми давлатӣ дода шуд. Боиси ифтихор аст, ки 15 декабри соли 2021 дар иҷлосияи ҶVI Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО номинатсияи мусиқии суннатии халқи тоҷик - “Фалак” ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид.



Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободонию созандагӣ дар вилояти Суғд вусъат меёбад.
7 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуданд.
Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Исфара омада, бо ҷараёни бунёди хонаҳои истиқоматии сокинон, ки дар натиҷаи муноқишаҳои марзӣ хароб гардида буд, шинос шуд.
Имрӯз бо иқдоми бевоситаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои ҳашарчиёне, ки дар барқарорсозии манзилҳои истиқоматии сокинони маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ бедареғ заҳмат мекашанд, дастархони пур аз нозу неъмат ороста шуда, хӯроки гарм омода карда шуд. Дар ин радиф дар ин кори хайр мақомоти иҷроияи ҳоокимияти давлатии шаҳр ва беморхонаи марказии шаҳр низ саҳмгузорӣ намуданд.
