Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши шашуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳри Остона иштирок ва суханронӣ карданд

13 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар Ҳамоиши шашуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар кори ҳамоиши сатҳи баланди байналмилалӣ сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳои иштирокчӣ, роҳбарону намояндагони давлатҳои нозир, ташкилоту созмонҳои байналамилалии нозир ва шарик иштирок карданд.

Ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Мастчоҳ идома дорад

Дар ноҳияи Мастчоҳ, ки аз навоҳии пахтакори вилояти Суғд аст, ҷамъоварии ҳосил идома дошта, то имрӯз 17000 тонна "тиллои сафед" ба хирман супорида шудааст. Дар ин бора зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷамъоварии ҳосил дар хоҷагии деҳқонии "Лангар" иттилоъ дода шуд.

Тибқи нақша имсол дар ноҳияи Мастчоҳ 28980 тонна пахта истеҳсол карда мешавад ва ҳамарӯза то 615 тонна пахта ҷамъоварӣ шуда истодааст. Хоҷагии деҳқонии "Лангар" дорои 48,8 гектар замин буда, деҳқонон дар 40 гектари он парвариши пахтаро ба роҳ мондаанд. Аҳли заҳмати хоҷагӣ то ҳоло 100 тонна пахтаро ба корхонаҳои коркард супорида, тасмим доранд, ки рӯзҳои наздик нақшаи истеҳсолро иҷро намоянд. 40 нафар саҳмдорону чинакчиён дар саҳро машғули кор ҳастанд.

Дар ноҳияи Мастчоҳ то имрӯз 2000 тонна чормағзи заминӣ ҷамъоварӣ карда шудааст

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар хоҷагии деҳқонии ба номи "Ашӯрзода"-и ноҳияи Мастчоҳ бо ҷамъоварии ҳосили чормағзи заминӣ шинос шуд.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосили зироат, аз ҷумла чормағзи заминӣ ҷараён дошта, кишоварзони ноҳия ҳосили хуб ба даст меоранд. 

Чормағзи замини яке аз зироатҳои пурқиммати равғандор буда, дар ноҳияи Мастчоҳ парвариши он зиёд ба роҳ монда мешавад. 

Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта дар ноҳияи Мастчоҳ

12 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ ва рафти корҳои саҳроӣ, аз ҷумла ҷамъоварии пахта ва коркарди он ба ноҳияи Мастчоҳ сафари корӣ анҷом дод.

Дар доираи сафар роҳбари вилоят бо фаъолияти корхонаи коркарди пахтаи  ҶДММ «Музаффар компания» шинос шуд. Тавре иттилоъ дода шуд, корхонаи коркарди пахтаи «Музаффар компания»  то кунун зиёда аз 2500 тонна пахта қабул намуда, беш аз 2000 тоннаи онро мавриди коркарди аввалия қарор додаст. Ин корхона соли ҷорӣ бо 230 хоҷагии деҳқонии ноҳия шартнома ба имзо расонида, дар вақти кишту кор кишоварзонро дастгирӣ намудааст. Зимни шиносоӣ ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шуда, ки истифодаи тухмии хушсифат боиси фаровонҳосилӣ гаштаву ҳамзамон барориши нах то 36-37 дарсад  буда, 59 дарсад чигит истеҳсол гашта истодааст. Дар ин корхона 36 нафар фаъолият доранд.

Оғози сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон

Шоми рӯзи 12 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар  Ҳамоиши шашуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Саммити сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии “Нурсултон Назарбоев” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Қазоқистон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.