13 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Айнӣ ташриф оварда, бо рафти корҳои сохтмонии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48 шинос гардид.
Бино ба иттилои масъулин бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-уми деҳаи Каздони деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ барои 320 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст. Лоиҳаи иншоот аз тарафи КФ КВД “Лоиҳакаш”-и ноҳияи Айнӣ таҳия гардида, тибқи харҷнома барои бунёди мактаб 6,4 миллион сомонӣ равона хоҳад шуд.



13 октябр дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо ташаббуси ҷониби Россия мулоқоти сеҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров баргузор гардид.
12 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ аз корхонаи ресандагии “Арвис Зелал Текстайл”, собиқ корхонаи “Олим-Текстайл" боздид намуда, бо васлу насби таҷҳизот ва таҷдиду навсозии хатҳои технологии корхона шинос гардид.
13 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо Вазири энергетика ва зерсохтори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Суҳайл Мазрӯӣ мулоқот карданд.
13 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи Ҳамоиши Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот карданд.
