17 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Клуби инноватсионӣ ва фитнеси «Крокус фитнес»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти муҳташаму зебо бо назардошти талаботи муосир бунёд гардида, бо тамоми дастгоҳ ва таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.



Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Зафаробод сафар карда, бо рафти ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳия шинос гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод ду нафар собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.
Дар Ҷамоати деҳоти Ҷомии ноҳияи Зафаробод бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3 бунёд гардида, бо мавриди истифода қарор гирифтани иншоот хонандагон дар шароити беҳтарин таҳсили худро идома медиҳанд.
Бахшида ба Иди Меҳргон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд.
