21 октябри соли 2022 дар гузаргоҳи сарҳадии "Қизилбел"-и сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон мулоқоти ҳайатҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.
Дар ин мулоқот Фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, директори Хадамоти сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Қирғизистон генерал-майор Уларбек Шаршеев, раисони вилоятҳои Суғд ва Ботканд Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдикарим Алимбаев, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду тараф, раисони навоҳии сарҳадии ду давлат ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.



21 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода директори бахши содироти ширкати дорусозии "Фармасинтез" - и Федератсияи Россия Григорий Демидовро ба ҳузур пазируфт.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Лахш, Тоҷикобод, Рашт ва Нуробод суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
19 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо масъулини соҳаи сохтмони шаҳри Хуҷанд мулоқот намуд.
18 октябр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон» бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков мулоқот карданд.
