Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 3 қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом — Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров-Хистеварз ва Кучкак-Конибодомро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

20 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом — Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров-Хистеварз ва Кучкак-Конибодомро бо буридани лентаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Роҳи мошингарди Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров-Хистеварз, Кучкак-Конибодом дар масофаи 52 км дар доираи Барномаи Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, ки дар Тоҷикистон дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалӣ карда мешавад, бо сатҳу сифати баланд ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бо арзиши 56 миллион доллар бунёд гардидааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом 11 пули мошингузар, 17 истгоҳ, деворҳои оҳану бетонӣ, хатҳои барқ ва алоқа аз ҳарду канори роҳ, пиёдароҳҳо аз тахтасанг, панҷараҳои ҳимоявии канори роҳ, насби аломатҳои роҳ ва бунёди дигар иншооти ёрирасон мувофиқи лоиҳа бунёд гардид.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ намуданд

20 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чавроқ» ҳамчунин, ба таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро, ки бо саҳми мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд карда шудааст, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ намуданд. 

Аввалин иншооте, ки ба тариқи маҷозӣ ба истифода дода шуд, корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хишти ором” дар деҳоти ба номи Дадобой Холматов мебошад, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шудааст.

Дар ин корхона, ки 25 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардидаанд, дар як шабонарӯз 100 ҳазор дона хишт истеҳсол карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти пластикии ҶДММ «Чавроқ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

20 ноябр дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти пластикии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чавроқ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Коргоҳ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35 солагии Истиқлоли давлатӣ ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар раванди татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Анвар Зафарзода бунёд шуда, дорои хатҳои мусоири истеҳсолӣ мебошад.

Дар коргоҳ дар як рӯз бо коркарди қариб 2,5 тонна ашёи хом истеҳсоли 155 ҳазор адад маҳсулоти тайёри пластикӣ, ки дар шароити имрӯза барои рӯзгори аҳолӣ ва рушди соҳаи саноати кишвар зарурати бештар дорад, истеҳсол карда мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи тандурустӣ, ду корхонаи саноатӣ ва як сардхонаро ифтитоҳ намуданд

20 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ба истифода додани корхонаи истеҳсоли ранг ва хокаи хушки бинокории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Тиглат, дар ҳамин ҷо як иншооти соҳаи тандурустӣ, ду корхонаи саноатӣ ва 1 сардхонаро дар шаҳри Гулистон тариқи фосилавӣ ифтитоҳ карданд.

Бинои Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Гулистон баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд. Муассисаи мазкур бо 116 ҳуҷраи хизматрасониву ёрирасон аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон таҷдид шуда, бо шароити хуби кору хизматрасонӣ ба аҳолӣ пешкаш гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  дар назар доштани воридоти дастгоҳҳои муосири соҳавӣ ба муассиса, ба масъулони Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Гулистон дастур доданд, ки истифодаи таҷҳизоти навро дуруст ба роҳ монда, сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолиро боз ҳам баланд бардоранд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон корхонаи истеҳсоли ранг ва хокаи хушки сохтмонии ҶДММ «Тиглат»-ро ба истифода доданд

20 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон корхонаи истеҳсоли ранг ва хокаи хушки сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тиглат»-ро ба истифода доданд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки корхона бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, дорои иқтидори баланди истеҳсолӣ мебошад. Фаъолияти он ба истеҳсоли маводи гуногуни сохтмонӣ, лавозимот барои воситаҳои нақлиёт, маснуоти нимтайёр ва тайёр аз пластмасса, инчунин маснуоти фулузӣ, ки бо технологияи кӯфтан омода мешаванд, равона гардидааст.

Рангҳои сохтмонии корхона аз 24 намуд иборат буда, дар зарфҳои пластмассӣ бо ҳаҷмҳои 4, 7, 10, 15 ва 21 килограмм банду баст мешаванд. Рангҳои алкидӣ низ аз 9 намуд иборат буда, аз 40 номгуи ранг дар зарфҳои тунукагӣ бо ҳаҷмҳои 0,8 то 20 килограмм истеҳсол мегардад.