Дар Иди Наврўзи байналмилалӣ аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода як зумра бознишастагон, аз ҷумла: Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, вакили Иҷлосияи тақдирсоз Баҳриддин Аҳмадов, собиқ вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии ИҶШС, бофандаи моҳир Махфират Дадобоева, собиқадори соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ Муборак Неъматова, Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Исрофил Бобомаликов, собиқадори маориф Тавҳида Баҳриддинова ва дигаронро аёдат ва ба эшон туҳфаҳои наврўзӣ тақдим карда шуданд.
Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз мусобиқаҳои пойга ва бузкашӣ доир шуд
22 марти соли 2022 ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз дар ипподроми Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Абдураҳим Ҷумъеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мусобиқаҳои миллии "Пойга" ва "Бузкашӣ" гузаронида шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалиро ба кулли сокинони шарафманди вилоят табрик гуфта, иброз дошт, ки дар доираи чорабиниҳои наврӯзӣ ҳар сол бо мақсади эҳёи анъанаҳои миллӣ ва рушди соҳаи асппарварӣ ташкил ва баргузор гардидани бозиҳои миллии «Пойга» ва «Бузкашӣ» ба ҳукми анъана даромада, имсол 24-умин мусобиқа доир гардида истодааст.
Таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилал дар шаҳри Хуҷанд
Ҷашни Наврўзи байналмилал дар шаҳри бостонии Хуҷанд бо шукуҳу шаҳомат ва риояи суннатҳои миллӣ таҷлил карда шуд.
Дар тантанаҳои идона Муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ҳайати меҳмонон аз вилояти Фарғонаи кишвари ҳамсояи Ўзбекистон, аз ҷумла Раисони шаҳрҳои Риштон ва Бешариқ, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва аҳли зиё иштирок намуданд. Нахуст меҳмонон аз дастовради хоҷагии халқи шаҳр, ки аз тарафи идораву ташкилот, маҳалла ва муассисаҳои шаҳри Хуҷанд пешниҳод шуда буд, шинос гардиданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар тантанаҳои ҷумҳуриявӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иштирок карданд
21 март дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавии ҷумҳуриявӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни ҷамъомади идона ва дар шахси онҳо мардуми шарифи кишвар, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони ҳавзаи Наврӯзро ба ифтихори ин ойини бостонӣ самимона табрик гуфтанд.
Иштироки Раҷаббой Аҳмадзода дар чорабинии наврӯзии сокинони Хуҷандшаҳр
Имрўз дар гузари Қӯшҳавзи маҳаллаи Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷанд аҳли маҳалла дар фазои амну осоиштагӣ бо шукргузорӣ аз файзу фаровонии дастархони идона Наврӯзи байналмилалро ҷашн гирифтанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шодишарики аҳли маҳалла дар ин иди аҷдодӣ гардида, нахуст аз растаи ҳунармандон ва аҳли адабу фарҳанг, ки бо оростани хаймаҳо ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуда буданд, боздид кард.