Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар вазоратҳои маориф ва илм, молия, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, агентиҳои хоҷагии ҷангал, беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Ҳамин тариқ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Субҳонзода Икром Субҳон аз вазифаи директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Ҷаласаи фаъолон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар семоҳаи якуми соли 2022

11-уми апрели соли равон дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маҷлиси фаъолон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар семоҳаи якуми соли 2022 баргузор гардид.

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ муовини аввал, муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони ташкилоту идораҳо, намояндагони  воситаҳои ахбори оммаи вилоят, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони шуъбаҳои маориф, ҷавонон ва варзиш, кор бо занон, масъулини соҳаҳои тандурустӣ, кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.

Боздиди соҳибкорони Россия ва Фаронса аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ

10 апрел гуруҳи соҳибкорон аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Фаронса аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ, ки дар Боғи миллии "Ваҳдат" ташкил карда шуд, боздид  намуданд.

Зимни муаррифии маҳсулоти дар вилоят истеҳсолшаванда маълумот дода шуд, ки дар Суғд беш аз 700 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сол ба сол зиёд шуда истодааст. Аз ҷумла, дар 3 моҳи соли 2022 ба маблағи 5,4 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид. Бархе номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда, аз ҷумла нӯшокиҳои гуногун, шириниҳо ва хушкмеваву афшураи он ба хориҷи мамлакат содирот карда шудааст.

Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо Патрик Хоффман

10 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода соҳибкор аз Ҷумҳурии Фаронса Патрик Хоффманро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд мубодилаи афкор намуданд.

Раиси вилоят ба соҳибкор доир ба вазъи соҳаҳои саноату кишоварзӣ маълумот дод.

Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо Президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск Анатолий Голтсов

Рӯзи якшанбеи 10 апрел ҳайати соҳибкорони вилояти Липетски Федератсияи Россия бо роҳбарии Президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск Анатолий Голтсов ба вилояти Суғд ташриф овард.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар мулоқоти дуҷониба бо Президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск Анатолий Голтсов меҳмононро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, изҳори боварӣ кард, ки сафари навбатии соҳибкорону масъулони вилояти Липетск ба вилояти Суғд ба ҳамкориҳои дуҷониба такони нав хоҳад бахшид.