Донишҷӯёни ДДХ ба ёрии сокинони наздимарзӣ рафтанд

100 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати кӯмак ба оилаҳои зарардида ба Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара сафарбар гардиданд.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом зимни гусели ҷавонон таъкид дошт, ки ташаббуси мазкур дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуда, раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати кӯмак ба сокинони наздимарзӣ бетараф нест ва мунтазам тадбирҳои имконпазирро ба роҳ монда истодааст.

Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиш вобаста ба амалисозии самараноки имтиёзҳои пешбининамудаи соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид

30 сентябр бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон ҳамоиш вобаста ба амалисозии самараноки имтиёзҳои пешбининамудаи соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид.

Дар кори чорабинӣ муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Амирбекзода Ҳабибулло, раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ, масъулини сохторҳои вилоятӣ ва субъектҳои хизматрасони сайёҳии минтақа иштирок намуданд.

Оғози мумфаршкунии 10 км роҳҳои деҳаҳои Гулдара ва Гулшани шаҳри Гулистон

 

30 сентябри соли равон Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода  дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 30-солагии иҷлосия XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истиқболи 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мумфаршкунии роҳҳои деҳаҳои Гулдара ва Гулшани Ҷамоати шаҳраки Адрасмон оғози расмӣ бахшид.

Зимни суҳбат бо сокинон ва иштирокдорони маросими оғози корҳои мумфаршкунӣ роҳбари шаҳр аз муҳайё гардидани шароити хуби кору зиндагӣ ба ҳар як сокини мамлакат ва беҳтар шудани вазъи некӯаҳволии халқ ёдовар шуда, бо ташаббус ва саҳми сокинони маҳаллӣ амалӣ гардидани чунин иқдоми ватандӯстонаро намунаи равшани садоқат ва муҳаббат ба сарзамини аҷдодӣ унвон дод.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш