Истаравшан. Бахшида ба Рӯзи Парчам толори варзишӣ ба истифода дода шуд

23 ноябри соли равон дар муассисаи давлатии таълимии Мактаби варзишии №2-и шаҳри Истаравшан ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон толори варзишии замонавӣ барои тамрин ва баргузории намуди бокс мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар мактаби варзишии мазкур алҳол зиёда аз 820 нафар варзишгарон ба 8 намуди варзиш машғул мебошанд. 

Сохтмони бинои толори варзишӣ ҳанӯз соли 2011 оғоз гардида, бинобар маблағгузорӣ нагардидан тӯли ин муддат идомаи сохтмон ғайриимкон буд. Бо дастгирӣ ва маблағгузории бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан соли 2022 сохтмон идома дода шуд ва дар ин муддат зиёда аз 458 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, сохтмон ба анҷом расонида шуд.

Дар Ҷамоати деҳоти Ашт бинои таваллудхона ба истифода дода шуд

Дар шаҳраки Дӯстии Ҷамоати деҳоти Ашти ноҳияи Ашт бинои шуъбаи таваллуд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар ифтитоҳи бинои таваллудхона муовини Раиси вилоят Анвар Яқубӣ, сардори Раёсати тандурустии вилоят Ҳабибулло Хайруллозода, раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, роҳбарияти ташкилоти ҷамъиятии хайриявии "Тоҷикистон" ширкат намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки шӯъбаи мазкур аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии хайриявии "Тоҷикистон" бо харҷи беш аз 3.5 миллион сомонӣ бунёд ёфта, бо технологияҳои муосир муҷаҳҳаз гардидааст.

Қаблан аҳолии ин минтақа бо тай кардани беш аз 50 километр ба маркази ноҳия мерафтанд ва ҳоло бошад ин мушкил пурра ҳалли худро ёфт.

Боздид аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Афзали Суғд”

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Афзали Суғд” ташриф оварда, бо ҷараёни истеҳсоли маҳсулот дар ин корхонаи маъруф шинос гардид.

Раиси вилоят аснои боздид роҳбарият ва кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Афзали Суғд”-ро бо 25-умин солгарди таъсисёбии ширкат табрик гуфта, қайд намуд, ки бо роҳбариии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон соҳаи саноат рушд карда, сатҳи зиндагии мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони вилояти Суғд беҳтар гардида истодааст.

Тазаккур дода шуд, ки бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар шумораи коргоҳу корхонаҳои саноатӣ мунтазам зиёд гардида, соҳибкорӣ рушд кард ва дар ин замина садҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё шуданд, ки ин ба иқтисодиёти вилоят таъсири мусбат расонид, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфт.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш