Дар ноҳияи Мастчоҳ дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70-солагии азхудкунии Дашти Дилварзин бунёди як қатор иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст, ки сохтмони онҳо бо маром идома доранд.
Дар доираи тадбирҳои созандагӣ сохтмони бинои иловагии таълимӣ дар назди МТМУ №27-и деҳоти Оббурдон ба тариқи ҳашар ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ, соҳибкорон, ашхоси хайрхоҳу саховатпеша ва кумитаи падару модарон ба нақша гирифта шудааст.
Муассисаи мазкур соли 1992 барои 624 хонанда дар як баст бунёд гардида аст. Айни замон бошад, бо сабаби зиёд шудани аҳолӣ дар он 1761 хонанда таҳсил менамоянд, ки шумораи хонандагон он қариб се баробар афзудаанд.