НАТИҶАҲОИ НАЗАРРАСИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК

Дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд санаҳои 19 - 20 – уми сентябри соли равон 9 – умин мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Президенти Тоҷикистон” оид ба дзюдо баргузор гардид. Дар ин мусобиқа варзишгарони кишварҳои Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд. Рақобатҳо аз рӯи 7 вазн ‐57 ва ‐63кг миёни бонувон, ‐66, ‐81, ‐90, ‐100 ва +100 килограмм – миёни мардон сурат гирифт.

Дар рӯзи аввали мусобиқа рақобатҳо аз рӯи чаҳор вазн сурат гирифтанд. Зери вазни ‐57 килограмм ва - 63 килограмм бонувон ва зери вазни ‐66 кг ва ‐81 килограмм мардон барои ба даст овардани нишонҳои фахрӣ сабқат карданд. 31 варзишгари вазни то 66 килограмм барои ба даст овардани нишонҳои фахрӣ мубориза бурданд. Нишони тиллои ин вазнро дзюдочии тоҷик Муллораҷаб Халифаев соҳиб шуд.

Озмуни "Тоҷикон" -оинаи таърихи миллат" гузаронида мешавад

Соли 2023 ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикон"-оинаи таърихи миллат" гузаронида мешавад. Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид.

Озмуни мазкур бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июли соли 2022 доир гардида, тибқи қарор низомнома, ҳайати комиссия тасдиқ шуда, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои дар сатҳи баланд гузаронидани озмун вазифадор гардидаанд.

Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд намоиши "Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ" ифтитоҳ гардид

Бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 20 сентябр дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд шакли хурди намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” ифтитоҳ гардид.

Дар ифтитоҳи намоиш директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо, сардори раёсати фарҳанги вилояти Суғд Бахтиёр Қосимов, омири кулли Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд» Иброҳимов Иброҳим, директори Осорхонаи таърхии вилояти Суғд Мансурҷон Бойматов, устодону донишҷӯёни факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш