Дар толори КВДК «Меҳмонхонаи Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар дар мавзуи «Нақши Конститутсия дар ташаккули маърифати ҳуқуқии ҷавонон» бо иштироки раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор, муовини Раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Исматзода Бахтиёр Ҳусейн, мудирони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ҷавонони фаъол баргузор гардид.
Зимни баргузории мизи мудаввар иштирокдорон оид ба мақому манзалати Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми давлатдорӣ, нақши он дар таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлол, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии насли ҷавон андешаронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонуни асосии давлат заминаи устувори бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократиро фароҳам оварда, эҳтиром ба меъёрҳои он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Зикр шуд, ки ҷавонон бояд на танҳо аз ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии худ огоҳ бошанд, балки уҳдадориҳои шаҳрвандиро низ амиқ дарк намуда, дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо масъулияти баланд иштирок намоянд. Баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, эҳтиром ба қонун ва тарбияи ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ аз масъалаҳои муҳимми рӯз ба ҳисоб мераванд.
Ҳамзамон, дар рафти муҳокимаҳо иштирокдорон доир ба роҳҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, нақши оила ва муассисаҳои таълимӣ дар тарбияи ҳуқуқӣ ва зарурати ҷалби бештари ҷавонон ба омӯзиши Конститутсия ва қонунгузории кишвар фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки эҳтиром ба Конститутсия ва риояи қонун нишонаи фарҳанги баланди ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ буда, ҳар як ҷавон бояд дар ҳифзи арзишҳои конститутсионӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ саҳми муносиб гузорад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




