Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон мақоми хос дошта, барои таҳкими истиқлоли давлатӣ, таъмини сулҳу субот ва бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаи устувор гузошт.
6 ноябри соли 1994 мардуми Тоҷикистон дар шароити ниҳоят ҳассоси сиёсӣ бо дарки масъулияти таърихӣ тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи кишварро қабул намуданд. Ин рӯйдоди сарнавиштсоз роҳи минбаъдаи рушди давлатро муайян карда, барои барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ташаккули низоми мукаммали ҳуқуқӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Конститутсия имконият дод, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона карда шавад, қонунияту тартибот барқарору ҳукмрон гардад ва дар ин замина барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид ба вуҷуд оварда шавад».
Яке аз арзишҳои муҳими Конститутсия дар он аст, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуда, принсипҳои асосии фаъолияти давлат ва ҷомеаро муайян мекунад. Маҳз ин меъёрҳо барои таъмини баробарии шаҳрвандон дар назди қонун, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва рушди муносибатҳои демократӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меоранд.
Тағйиру иловаҳои солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба Конститутсия бо дарназардошти талаботи замон ва рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ворид гардида, ба такмили низоми ҳуқуқии кишвар мусоидат намуданд.
Имрӯз эҳтиром ва риояи Конститутсия, таъмини волоияти қонун ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Зеро таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи сулҳу субот ва рушди устувори кишвар аз масъулиятшиносӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва саҳми созандаи ҳар як шаҳрванд вобастагии мустақим дорад.
Конститутсия на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки таҷассумгари ормонҳои миллӣ, ваҳдати мардум ва эътимод ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.
Ҳифзи арзишҳои он ва татбиқи пайгиронаи меъёрҳояш вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар буда, барои ободии Ватан ва зиндагии шоистаи наслҳои имрӯзу оянда заминаи боэътимод мегузорад.
Улуғбек Хоҷаев,
раиси Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон




