Намояндагони вилояти Суғд дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» 32 ҷойи ифтихориро соҳиб шуда, дар мамлакат мақоми дуюмро соҳиб шуданд.
Дар ин бора аз Раёсати маорифи вилояти Суғд хабар доданд.
Аз шумораи умумии ҷойҳои бадастомада 11 ҷой ба гурӯҳи якум, 12 ҷой ба гурӯҳи дуюм, 7 ҷой ба гурӯҳи сеюм ва 2 ҷой ба гурӯҳи чорум рост меояд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» зери сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронда шуда, ба дарёфти истеъдодҳои ҷавон, рушди қобилияти зеҳнию таҳқиқотии онҳо ва ҷалби насли наврас ба омӯзиши илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ равона шудааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




