29 сентябр дар толори варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон спартакиадаи варзишии байни омӯзгорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олии вилояти Суғд ҷамъбаст гардид.
Спартакиада ба муносибати Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи иттифоқҳои касаба баргузор шуда, иштирокчиён аз рӯи намудҳои шашка, шоҳмот, тенниси рӯи миз, волейбол ва футболи хурд барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ рақобат намуданд.
Дар маросими ҷамъбасти спартакиада муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд Самизода Мусобек Самӣ, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Мӯминзода Шероз, муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Қурбониён Абдураҳим ва ғолибони мусобиқа иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки баргузории чунин мусобиқаҳо ба оммавӣ гардонидани варзиш миёни омӯзгорону кормандони муассисаҳои таълимӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, муайян намудани варзишгарони беҳтарин, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷисмонӣ ва рушди фарҳанги варзишӣ дар ҷомеа мусоидат менамояд.
Қайд карда шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, таҷлили Рӯзи омӯзгорон ҳамчун арҷгузорӣ ба заҳмати аҳли маориф ба ҳукми анъана даромадааст. Омӯзгорон дар тарбияи насли наврас ва ташаккули ҷомеаи созанда нақши муҳим доранд.
Дар доираи спартакиада аз рӯи намудҳои шашка ва шоҳмот байни омӯзгорони мард ва зан, инчунин тенниси рӯи миз байни омӯзгорони мард ва зан ғолибон муайян гардиданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ғолибони спартакиада бо ҷом, медал, диплом, маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд қадрдонӣ шуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




