Натиҷаи даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» дар вилояти Суғд ҷамъбаст гардида, ғолибони он аз рӯи номинатсияҳои гуногун муайян шуданд.
Дар даври сеюми озмун намояндагони муассисаҳои таълимии типи нав, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, инчунин омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуда, аз рӯи дониш ва маҳорати худ рақобат карданд.Ғолибон дар номинатсияҳои математика, физика, химия, биология, география, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ муайян гардиданд.Дар маҷмӯъ, дар даври сеюми озмун беш аз 150 нафар соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд.Ғолибоне, ки тибқи талаботи озмун ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтаанд, вилояти Суғдро дар марҳилаи ниҳоии озмун намояндагӣ хоҳанд кард.Дар ин бора аз Раёсати маорифи вилояти Суғд хабар доданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




