Дар Муассисаи давлатии гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд маросими ифтитоҳи даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид.
Дар маросим муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муяссара Давлатзода, роҳбарияти соҳаи маорифи вилоят Гулсара Мирзозода, ҳайати ҳакамон, намояндагони соҳаи маориф, омӯзгорон ва иштирокчиёни озмун иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки озмуни мазкур дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2025, №АП-862, баргузор гардида, ба тарғиби осори безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, бахусус «Шоҳнома», рушди фарҳанги китобхонӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои таърихию фарҳангии миллат равона шудааст.
Дар идомаи чорабинӣ ба иштирокчиёни озмун барои иштироки фаъол барору комёбӣ орзу карда шуда, нақши чунин чорабиниҳо дар рушди ҷаҳонбинӣ, маърифати маънавӣ ва баланд бардоштани завқи китобхонии насли наврас муҳим арзёбӣ гардид.
Дар даври вилоятии озмун аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд зиёда аз 460 нафар иштирок намуда, барои роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ байни ҳам рақобат менамоянд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




