Мусобиқаи футзал барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд ҷамъбаст гардид

Дар шаҳри Гулистон мусобиқаи вилоятӣ оид ба футзал байни наврасони синни то 14-сола (U-14) барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд таҳти унвони «35 соли Истиқлол – 35 қуллаи варзиш» ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.

Дар мусобиқа дастаҳои наврасони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуда, дар давоми вохӯриҳо маҳорати баланди варзишӣ, иродаи қавӣ ва омодагии хуби техникиву тактикиро нишон доданд. Рақобатҳо дар фазои дӯстӣ ва рақобати солим баргузор шуда, таваҷҷуҳи дӯстдорони варзишро ба худ ҷалб намуданд.
Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа аъкид гардид, ки рушди соҳаи варзиш, тарбияи ҷисмонии наврасону ҷавонон ва фароҳам овардани шароити муносиб барои рушди истеъдодҳои ҷавон аз самтҳои муҳими сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Баргузории чунин мусобиқаҳо барои баланд бардоштани маҳорати варзишӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Аз рӯйи натиҷаҳои ниҳоӣ, дастаи шаҳри Гулистон сазовори ҷойи аввал гардид. Дастаи ноҳияи Спитамен ҷойи дуюм ва дастаи ноҳияи Ашт ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.
Дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа Ҷоми Раиси вилояти Суғд, медал, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд