Бо ташаббуси Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд семинари омӯзишӣ оид ба муқовимат ба коррупсия баргузор гардид.
Дар кори семинар котиби комиссия Назира Ғаффорӣ, намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилоят Шодком Турсунзода, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, аъзои комиссия ва намояндагони сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.
Дар семинар аз аҳамияти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва таҳкими ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти давлатӣ ёдоварӣ карда шуд.
Иштирокчиёни семинар масъалаҳои татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия, иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия, баланд бардоштани сатҳи шаффофият ва таҳкими фазои оштинопазири зиддикоррупсиониро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба роҳҳои муассири пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ мубодилаи афкор намуданд.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои омӯзишӣ дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ташаккули муносибати оштинопазир нисбат ба коррупсия нақши муҳим дорад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




