7 июл дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Айнӣ дар деҳаи Ревади Ҷамоати деҳоти Урметан маҷмааи нави варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Маҷмааи нави варзишӣ дар доираи омодагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, барои рушди варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби наврасону ҷавонон ба машғулиятҳои ҷисмонӣ аҳамияти калон дорад.
Иншоот дар деҳаи Ревади Ҷамоати деҳоти Урметан ҷойгир буда, масоҳати он 2100 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Фармоишгари сохтмони иншоот Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар ҳамкорӣ бо аҳолии маҳаллӣ буда, корҳои сохтмонӣ тариқи ҳашар бо иштироки фаъоли сокинон анҷом дода шудаанд. Лоиҳаи маҷмаа аз ҷониби КФ КВД «Лоиҳакаш» дар ноҳияи Айнӣ таҳия гардида, барои бунёди он 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағ равона шудааст.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки чунин иншоот барои рушди оммавии варзиш, таҳкими саломатии аҳолӣ, дарёфт ва тарбияи варзишгарони боистеъдод, инчунин истифодаи самараноки вақти холии ҷавонон нақши муассир хоҳад дошт.
Сокинони Ревад низ аз таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумат ба рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва варзишӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои ҳифзу истифодаи дурусти иншооти нав изҳор карданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




