Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза гирифта, нақшаҳои пешбинишуда бо натиҷаҳои назаррас амалӣ гардида истодаанд.
Ба иттилои раиси Ҷамоати шаҳраки Навкат Малоҳат Бекмуродзода ба муносибати ин ҷашни муҳими миллӣ дар ҳудуди ҷамоат бунёди 130 иншоот ба нақша гирифта шуда буд. То имрӯз 152 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, нақша барзиёд иҷро шудааст.
Гуфта мешавад, ки қисми зиёди иншооти нав аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша бунёд гардида, саҳми онҳо дар ободонии маҳал назаррас мебошад. Дар натиҷаи ҳамкории мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва аҳолӣ роҳҳои дохилии маҳаллаҳо мумфарш шуда, кӯчаҳо чароғон гардида, шароити зиндагии сокинон беҳтар мегардад.
Дар доираи корҳои созандагӣ муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистонҳо, марказҳои тиббӣ, иншооти варзишӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ сохта ва ё азнавсозӣ мешаванд. Бунёди чунин иншоот барои беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Тавре таъкид мешавад, дастовардҳои бадастомада натиҷаи сиёсати созандаи давлат, фазои сулҳу субот ва иштироки фаъоли сокинон дар корҳои ободониву бунёдкорӣ мебошад.
Сокинони Ҷамоати шаҳраки Навкат тасмим доранд ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои нав истиқбол намоянд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




