12 июни соли 2026 мулоқоти Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба татбиқи сиёсати давлатии забон, риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода ва муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ доир ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забони тоҷикӣ ёдовар шуда, оид ба ҷойгоҳ ва аҳамияти забони давлатӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ суханронӣ карданд.
Таъкид гардид, ки забони давлатӣ ҳамчун рукни муҳими давлатдорӣ ва омили муттаҳидкунандаи ҷомеа нақши муҳим дошта, риояи меъёрҳои он дар фаъолияти тамоми сохтору муассисаҳо амри зарурӣ мебошад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




