
Дар доираи иқдоми фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдими китоби безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар ноҳияи Мастчоҳ оғоз гардида, айни замон идома дорад.
Тибқи нақшаи пешбинишуда, китоб дар 7 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия ба 17 ҳазору 793 хонавода ҳамчун туҳфаи Пешвои миллат тақдим карда мешавад.
Ин иқдоми неку фарҳангпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо мақсади таҳкими худшиносӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва боло бурдани завқи мутолиа дар байни аҳолӣ ба роҳ монда шудааст, аз ҷониби сокинони ноҳия бо самимият ва эҳсоси баланди ифтихор пазируфта мешавад.
Оилаҳое, ки китобро дастрас намудаанд, изҳор доштанд, ки «Шоҳнома» ҳамчун ганҷинаи безаволи таъриху адабиёти тоҷик дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба мероси ниёгон нақши муҳим дорад.
Тақдими «Шоҳнома» ба ҳар хонавода идомаи тадбирҳои пайвастаи давлату Ҳукумат дар самти ҳифз ва гиромидошти арзишҳои миллӣ, эҳёи худшиносии таърихӣ ва таҳкими пояҳои фарҳанги миллӣ мебошад. «Шоҳнома» ҳамчун ганҷинаи бузурги адабию маънавӣ на танҳо саҳифаҳои пуршарафи таърихи ниёгонро инъикос мекунад, балки дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳангу забони тоҷикӣ нақши муассир дорад.




