Ҷамоати деҳоти Сарбанди ноҳияи Спитамен 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегирад

Дар Ҷамоати деҳоти Сарбанди ноҳияи Спитамен омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯҳияи ободониву созандагӣ идома дорад.

Барои иҷрои нақшаҳои гузошташуда, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардидаанд, дар ҷамоат тадбирҳои муассир амалӣ шуда, барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ чораҷӯӣ карда мешавад. Тавре раиси Ҷамоати деҳоти Сарбанд, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии "Сарбанд", рақами 55 Юлдуз Ибрагимова иттилоъ дод, ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷамоат бунёди 55 иншооти гуногуни иҷтимоию хизматрасонӣ пешбинӣ шуда буд. То имрўз 57 иншоот пурра ба истифода дода шуда, нақшаи пешбинигардида 101 фоиз иҷро гардид. Иншооти сохташуда марказҳои нави хизматрасонӣ, нуқтаҳои савдо, мағозаҳо, хатҳои оби нӯшокӣ, чароғонкунии кӯчаҳо ва дигар инфрасохтори заруриро дар бар мегиранд. Татбиқи лоиҳаҳо шароити зиндагии аҳолиро беҳтар намуда, симои маҳаллаву деҳотро зебо намудааст.

Дар баробари ин, корҳои роҳсозӣ дар ҷамоат густариш пайдо кардааст. Дар ҳамовозӣ бо ҳидоятҳои Пешвои миллат танҳо дар соли ҷорӣ 17 километр роҳҳои маҳаллӣ мумфарш карда шуда, шароити рафтуои сокинон ба таври назаррас беҳтар гардид. Навсозии роҳҳо ба рушди иқтисоди маҳаллӣ, аз ҷумла дастрасии саривақтии маҳсулоти кишоварзӣ ба бозор, саҳми муҳим мегузорад.

Корҳои омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҷамоат идома дошта, дар оянда бунёди боз 20 иншооти нав дар назар аст. Татбиқи нақшаҳои ҷашнӣ ба симои ҷамоат ранги тоза бахшида, заминаи муҳими рушди устувори иҷтимоӣ ва иқтисодиро фароҳам меорад.

Юлдуз Ибрагимова таъкид мекунад, ки сокинон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ барои таҷлили сазовори ҷашни миллӣ талош меварзанд. Маҳз ҳамин ҳамбастагӣ ва иродаи созанда боис гардидааст, ки ҳамаи супоришу нақшаҳои аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гузошташуда сари вақт ва босифат амалӣ шаванд.

Раванди ободкорию созандагӣ дар Ҷамоати деҳоти Сарбанди ноҳияи Спитамен гувоҳи равшани он аст, ки руҳияи созанда ва меҳнати аҳлона ҷомеаро ба комёбиҳои тоза раҳнамун месозад ва ҷамоат бо дастовардҳои назаррас ҷашнҳои бузурги миллиро таҷлил менамояд.

Аҳолии Ҷамоати деҳоти Сарбанд, ки зиёда аз 9550 нафарро дар бар мегирад, бештар ба кишоварзиву чорводорӣ машғуланд. Бо заҳмати содиқонаи деҳқонон ва истифодаи дурусти имкониятҳои мавҷуда, аҳли заҳмати ҷамоат дар соли равон аз аввалинҳо шуда дар ҳудуди ноҳия нақшаи истеҳсоли пахтаро ба андозаи 116 фоиз таъмин намуданд. Ин муваффақият натиҷаи ҳамкории судманду пайвастаи ҷамоат бо сокинон ва нишонаи масъулиятшиносии мардум мебошад.

-Мо дар оянда низ барои татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нумонзода кӯшиш намуда, барои таъмини зиндагии шоисатии сокинон тамоми нерӯи худро сафарбар менамоем, — мегӯяд Юлдуз Ибрагимова.

Хадамоти матбуоти 

Раиси вилояти Суғд