Умеда Шарифова - барандаи Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст"

Намояндаи вилояти Суғд - Умеда Шарифоваи 11 сола, хонандаи синфи 4 аз ноҳияи Мастчоҳ сазовори Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ва соҳиби 140 000 сомонӣ гардид.

Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар озмуни имсола 94 нафар, аз ҷумла 23 нафар намояндагони вилояти Суғд сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки имсол дар даври ниҳоии озмун 434 нафар иштирок намуданд. Аз ин шумора 2 нафар тоҷикони бурунмарзӣ буданд ва ба таври маҷозӣ (онлайн) ба саволҳои ҳайати ҳакамон посух доданд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли ҳафтум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ дар байни аҳолии мамлакат баргузор мегардад.

Натиҷаҳои шаш соли баргузории ин озмуни ҷумҳуриявӣ далели равшани таваҷҷуҳи рӯзафзун ба китоб ва дониш мебошанд.

Дар давраи солҳои 2019 то 2024 дар озмун 1 миллиону 153 ҳазору 616 нафар иштирок намуданд.