
5 ноябр дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд семинар-машварат оид ба таҳияи дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2028–2029 баргузор гардид.
Дар кори семинар гурӯҳи кории Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, иқтисодчиён ва намояндагони раёсату шуъбаҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ширкат варзиданд.
Семинарро муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки ҳангоми таҳияи дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ бояд дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин муқаррароти консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатии амалкунанда ба инобат гирифта шаванд.
Муовини Раиси вилоят зикр намуд, ки «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва як қатор барномаҳои миёнамуҳлат аз ҳуҷҷатҳои муҳим ба шумор мераванд, ки дурнамосозӣ бояд дар асоси онҳо сурат гирад.
Зимни баргузории семинар таъкид карда шуд, ки таҳияи дурнамо мутобиқи талаботи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» ва тибқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2025, №72-ф, амалӣ карда мешавад.
Гурӯҳи кории Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Фарҳодшо Раҳмонализода, сардори Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодии вазорат ба иштирокдорон тавсияҳои амалӣ, методӣ ва шарҳи муфассали меъёрҳои таҳияи дурнамосозиро пешниҳод намуд. Ҳамчунин қайд гардид, ки якҷо бо дурнамо бояд маводҳои таҳлилӣ низ таҳия гарданд, ки вазъи воқеии иқтисоди соҳаҳо ва минтақаҳоро инъикос намуда, нишондиҳандаҳои дурнамоиро асоснок созанд.
Дар ҷараёни семинар зикр шуд, ки раёсату шуъбаҳои дахлдор вазифадор мебошанд дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодии маҳалҳоро барои соли 2027 ва параметрҳои асосии онро барои солҳои 2028–2029 бо истифода аз маълумоти корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо таҳия намуда, дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод намоянд.
Семинар-машварат бо муҳокимаи масъалаҳои марбут ба тартиби таҳия, арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ анҷом ёфт.




