Мулоқоти вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Мастона Муродзода бо аҳолӣ

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мулоқоти вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят бо интихобкунандагон идома дорад. Мулоқотҳо бо мақсади шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, қонунҳои нави қабулгардида, инчунин татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025” баргузор мешаванд.

Дар ҷамоатҳои шаҳри Панҷакент вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Мастона Муродзода бо сокинон мулоқот анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки бо мақсади таҳкими асосҳои ҳуқуқию ташкилии мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм Стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм ва Нақшаи амал оид ба татбиқи он тасдиқ гардидааст. Ҳадафи асосии ин санад — таъмини амнияти миллӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб ва ҷалби фаъолонаи ҷомеа ба мубориза бо хатарҳои ифротгароӣ ва терроризм мебошад.

Қайд шуд, ки иҷрои талаботи Стратегия масъулияти ҳамаи сохторҳои дахлдор ва ҳар як шаҳрванд мебошад. 

Ҳамзамон дар мулоқот масъалаҳои ҳифзи арзишҳои миллӣ, тақвияти ҳисси ватандӯстӣ, пешгирии тақлид ба фарҳангҳои бегона, ҷилавгирӣ аз таълимоти ғайриқонунии динӣ ва истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъкид шуд, ки ба ҳамкории ҷомеа бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бояд таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда шавад.