Маъюбон қисми ҷудонашавандаи ҷомеа ва дар паноҳи давлатанд!

Бо таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои иҷтимоии шахсони дорои имконияти маҳдуд дар шаҳри Конибодом бахшида ба Рӯзи маъюбон як қатор тадбирҳои муҳими хайрхоҳона роҳандозӣ гардиданд.

Дар доираи ин чорабиниҳо ба ду нафар шахсони имконияташон маҳдуд — Дадаҷонов Баҳодур ва Олимов Расул аробачаҳои маъюбӣ тақдим гардид.

Ҳамчунин, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар тарабхонаи “Тоҷи Канд” дастурхони идона барои маъюбон ороста шуд.

Таъкид гардид, ки дар саросари кишвар дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманд ба як анъанаи нек табдил ёфтааст. Чунин иқдомҳо моро водор месозанд, ки дар амалҳои хайр ва дастгирии якдигар саҳмгузор бошем.