22 майи соли 2025 ва дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии футбол дар шаҳри Истаравшан маҷмуи майдончаҳои варзишии назди МТМУ №59 мавриди истифода қарор гирифт.
Маҷмуи майдончаҳо аз майдони бозии волейбол барои синфҳои поёнӣ, майдони бозии волейбол барои синфҳои болоӣ, майдонча барои баргузории дарси омодагии дифои ҳарбӣ ва майдони замонавии футболи хурд бо сабзаи сунъӣ иборат буда, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва дастгирии кумитаи падару модарон дар давоми як сол бунёд карда шуд.
Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода зимни ифтитоҳи иншоот сокинонро бо Рӯзи ҷаҳонии футбол ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик карда, барои саҳмгузорӣ ба кумитаи падару модарон ва нафароне, ки иқдоми созандагиро дастгирӣ карданд, миннатдорӣ баён намуд.