Дар доираи сафари ҳайати тиҷоратии Ҷумҳурии Қирғизистон ба вилояти Суғд, ки рӯзҳои 19-20 май баргузор гардид, рӯзи 19-уми май дар меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд вохӯрии соҳибкорони вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Қирғизистон доир шуд.
Ҳайати соҳибкорони Қирғизистонро директори Муассисаи давлатии Маркази рушд ва пешбурди содирот “Кыргыз Экспорт” -и назди Вазорати иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон — Урмат Такиров роҳбарӣ намуд.
Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ бо сухани ифтитоҳӣ меҳмононро хайрамақдам гуфта, доир ба имкониятҳо ва афзалиятҳои иқтисодию сармоягузории вилояти Суғд маълумоти муфассал ироа намуд.
Ҳамзамон, имкониятҳои сармоягузории вилояти Суғд аз ҷониби сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят — Шарифҷон Аҳмедов муаррифӣ карда шуд.
Аз ҷониби директори “Кыргыз Экспорт” Урмат Такиров низ имкониятҳои сармоягузорӣ ва фаъолияти ширкатҳои қирғизӣ муаррифӣ гардида, оид ба дурнамо ва густариши ҳамкориҳои тиҷоратии байни Тоҷикистону Қирғизистон маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Қисмати дуюми мулоқот дар формати B2B сурат гирифта, намояндагони доираҳои тиҷоратии ду кишвар масъалаҳои рушди ҳамкориҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.